COVID-19. Баргузор шудани курсҳои омӯзишӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ
ДУШАНБЕ, 18.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шонздаҳ нафар кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши якрӯзаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ ҳангоми авҷи коронавирус фаро гирифта шуданд.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадафи асосии омӯзиш мусоидат ба дарёфти маълумоти тоза барои кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷиҳати кор бо аҳолӣ ҳангоми авҷи коронавирус мебошад.
Табиб Самандар Гулшоев дар рафти омӯзиш доир ба моҳияти давраи омӯзишӣ сухан карда, баён намуд, ки бо сабаби он ки кормандони КҲФ иртиботи мустақим бо қишрҳои мухталифи аҳолӣ доранд, аз ин рӯ онҳо бояд ҳамеша омода бошанд, ки дар авҷи коронавирус худ ва атрофиёнро аз сироят ҳифз намоянд.
Дар рафти омӯзиш ба иштирокчиён ахбори зарурӣ дар бораи коронавирус, таърихи он, нишона ва шеваҳои табобат фаҳмонида шуд. Инчунин дар бораи чораву тадбирҳои эҳтиётӣ ҳангоми тақсими ёриҳои башарӣ ва воситаҳои ҳимояи фардӣ сухан карда шуд.
Иштирокчии омӯзиш Тоҷиддин Раҷабов зикр намуд, ки маълумотҳои пешниҳодшуда имкон медиҳад, ки ҳангоми пандемия аз он истифода намоем. Он иттилооте, ки давоми рӯз ба мо пешниҳод шуд ҳамчун маълумоти иловагӣ ба малакаҳову маҳоратҳои мо зам гардида, дар ҳолатҳои фавқулода вокуниши моро бештар аз пештар самаровар ва бехатар мегардонад,-гуфт номбурда.
Курсҳои омӯзишӣ аз ҷониби мутахассисони Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ гузаронида шуда, бо чунин тартиб баргузор шудани онҳо дар навоҳии водии Рашт ва шаҳри Хоруғ низ дар назар аст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






