Дар Тоҷикистон ба санҷиши кори нақлиёти ҷамъиятӣ шурӯъ намуданд
ДУШАНБЕ, 09.06.2020 /АМИТ Ховар/. Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 5 то 15 июн дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти «Автобус» гузаронида мешавад.
«Мақсад аз чунин амалиёт ба низом даровардани воситаҳои нақлиёти мусофирбар, мунтазам тамиз кардани онҳо, назорат бурдан аз кори ронандагон, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, риоя намудани масофаи иҷтимоӣ дар дохили нақлиёт, ҳамчунин ошкор ва пешгирии вайронкуниҳои дағалонаи қоидаҳои роҳ аз ҷониби ронандагон мебошад»,- қайд намуданд дар вазорат.
Шоистаи зикр аст, ки чунин амалиётҳо оид ба фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар ҷумҳурӣ, ҳамчунин дар шаҳрҳо ва минтақаҳои алоҳида мунтазам гузаронида мешаванд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






