Дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории нафтӣ ва гази моеъи ноҳияи Ёвон сӯхтор ба амал омад

Июнь 24, 2020 10:08

ДУШАНБЕ, 24.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. 23 июн, соати 13:20 дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории нафтӣ ва гази моеъи ҶДММ «Шералиҷон», воқеъ дар деҳаи А.Навоӣ, ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Ёвон бинобар риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ, ҳангоми холӣ намудани сӯзишворӣ аз дохили автомашинаи интиқолдиҳандаи сӯзишвории нафтии тамғаи «Дулан» таркиш ба амал омад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Автомашинаи интиқолдиҳандаи сӯзишвории нафтии тамғаи «Дулан»  рақами қайди давлатиаш 45 69 ВМ 01 ТҶ, ки ба ронанда Каримзода Асрорҷони Толиб, соли таваллудаш 1991 тааллуқ дошт, ҳангоми холӣ намудани сӯзишворӣ аз дохили автомашинаи мазкур, қоидаҳои бехатарӣ риоя нагардид, ки дар натиҷа сӯхтор ба амал омад. Оташ ба дигар зарфҳо, аз ҷумла зарфи гази моеъи ҳаҷмаш 10 тонна гузашта, дар натиҷа таркиш рух дод.

Ба ҷойи ҳодиса кормандони қисми мустақили 29-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ҳозир шуда, сӯхторро, ки масоҳаташ 60м2-ро ташкил медод, бартараф намуданд.

Дар натиҷаи сӯхтор 4 нафар шаҳрвандон ва 4 нафар кормадони хадамоти оташнишонӣ ҷароҳатҳои сабуки ҷисмонӣ бардоштанд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Июнь 24, 2020 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа