«ХУН СУПОР ВА БА БЕМОРЕ САЛОМАТӢ ҲАДЯ НАМО!». 14 июн — Рӯзи умумиҷаҳонии донори хун

Июнь 14, 2020 08:18

ДУШАНБЕ, 14.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соли 2005 ҳамасола дар ҷаҳон 14 июн Рӯзи ҷаҳонии донори хун ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба муносибати зодрӯзи ҷарроҳи австриягӣ,  барандаи ҷоизаи нобелӣ Карл Ландштейнер, ки аввалин шуда гурӯҳи хунро муайян намудааст, бахшида шудааст. Мақсад аз таҷлили ин рӯз  ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаи ҷаҳон ба муҳимияти супоридани хун, тозагии он ва ҳамчунин ибрози сипос ба донорҳо мебошад, зеро донори  хун  шудан имкон медиҳад, ки ҷони чандин беморон аз марг наҷот дода шавад.

Ба андешаи мутахассисони соҳаи тиб хунсупорӣ ба саломатии инсон фоидаовар буда, он бемориҳои системаи рагҳои хунгард, ишемияи дил, сактаи майнаи сарро пешгирӣ менамояд ва  системаи иммунитети шахсро низ мустаҳкам менамояд.

Тавре муовини директори генералии Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии хун Азмиддин Қутбиддинов зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, нафаре, ки хоҳиши хунсупорӣ дорад қаблан аз муоинаи тиббӣ мегузарад то  гурӯҳи хун муайян карда шавад. Инчунин, ба ӯ ташхиси гемоглобин гузаронида, дақиқ мекунем, ки оё дар таркиби хуни донор бемориҳои сирояткунанда, ба монанди СПИД, ВИЧ, гепотити В, С, сифлис ва ё ягон бемориҳои сироятии ба ҳаёти шахс хатарнок мавҷуд ҳаст ё не.    Агар яке аз ин ташхисҳо ҷавоби қонеъкунанда надиҳад, пас аз доноршаванда хун гирифта намешавад. Ҳамзамон нафароне, ки дорои  нишондиҳандаҳои бартарафшаванда, аз ҷумла, вазни кам, бемории муваққатӣ, нишондоди ками гемоглобин дар таркиби хун ҳастанд, метавонанд пас аз муддати бартараф  шудани нишондиҳандаҳо хун супоранд.

Ба зикри номбурда шахси аз 18 то 65-сола метавонад донори хун шавад. Барои хун супоридан  синну сол ва  вазни хунсупоранда аҳамияти муҳим  дошта, бояд ӯ набояд аз 50 кг кам набошад. Ҳоло сокинони мамлакат ва махсусан ҷавонон аз аҳамияту зарурати хунсупорӣ огоҳ буда, бо дарки масъулият  хунсупорӣ меоянд.

«Мо ҳамасола 14 июнро Рӯзи ҷаҳонии донори хун ҷашн мегирем. Аз сабабе, ки ҳоло ҷаҳон гирифтори пандемияи коронавирус аст, аз ин рӯ бо риоя намудани масофа байни шахсон ва риояи гигиенӣ баргузории ин рӯз ба нақша гирифта шудааст. Тибқи тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ имсол  Рӯзи ҷаҳонии донори хун таҳти унвони «Хун супор ба хотири солимии аҳли ҷаҳон» таҷлил мешавад. Солҳои қаблӣ ин рӯз  таҳти шиорҳои «Хун супор ва  ба беморе саломатӣ ҳадя намо!», «Хуни ту ҳаёти касеро наҷот мебахшад» ва ғайра ҷашн гирифта мешуданд», -мегӯяд   Азмиддин Қутбиддинов.

Донори хун будан ё хун супоридан дар аксар мамлакатҳои ҷаҳон ба одат табдил ёфтааст. Хусусан дар Япония ин иқдом ҷузъе аз фарҳанги кишвар дониста мешавад.

Солҳои охир дар Тоҷикистон низ раванди хунсупорӣ рӯ ба афзоиш аст. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба донории хун ва ҷузъҳои он» барои «Донори фахрӣ» шудан бояд занҳо 15 ва мардҳо 20 литр хун супоранд. Унвони мазкур имкон медиҳад, ки донорон аз баъзе имтиёзҳо:  ҳаракати ройгон дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ташхиси тиббии ройгон, 50 дарсад имтиёз ҳангоми хариди доруворӣ, истифода аз баъзе намуди хизматрасонии тиббӣ баҳравар шаванд.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Июнь 14, 2020 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид