Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи экологияро мукофотҳои молиявӣ интизор аст
ДУШАНБЕ, 19.06.2020. /АМИТ Ховар/. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тарғиби сиёсати давлатӣ дар соҳаи экология озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» доир мегардад. Озмуни мазкур бо ташаббуси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашрияи расмии Маҷлиси Олӣ – «Садои мардум» роҳандозӣ мешавад. Дар ин бора котиби матуботии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузории озмун инъикоси воқеъбинонаи масоили экологӣ, ҷалби олимону мутахассисон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳалли масъалаҳои экологӣ, тарғиби ҳифзи муҳити зист, ташаккули ақидаи солим нисбат ба мавқеъ ва сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, тақвияти маърифати экологии насли наврас ва истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои табиӣ дар мамлакат мебошад.
Озмун аз як давр иборат буда, аз 30 июни соли 2020 оғоз мешавад ва дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист — 4 июни соли 2021 ҷамъбаст мегардад. Ҳайати комиссияи баргузории озмуни «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Дар Озмун шаҳрвандон, аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ ё гурӯҳҳои эҷодӣ, олимону коршиносоне ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ ва кор мекунанд, иштирок намуда, нигоштаҳои худро (асар ё мақолаҳо) оид ба масоили мухталифи ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим, обшавии бесобиқаи пиряхҳо, раванди татбиқи энергияи сабз, истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои табиӣ, замин, олами набототу ҳайвонот ва дигар масъалаҳои экологӣ, ки дар васоити ахбори омма нашр намудаанд ба озмун пешкаш менамоянд.
Шумора ва ҳаҷми асару мақолаҳои ба озмун пешниҳодшаванда бемаҳдуд буда, иштирокдорон нигоштаҳои худро метавонанд ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод намоянд.
Хоҳишмандон, барои иштирок дар озмун ба комиссияи Озмун ариза, ки дар он ному насаб, суроға, рақами телефон ва маълумот оид ба нашри асару мақолаҳо дар воситаҳои ахбори омма нишон дода шудааст, пешниҳод менамояд. Ба ариза нусхаи мақола дар андозаи А4, шрифти Times New Roman Tj, андозаи 14 замима карда мешавад. Нусхаи электронии мақола ба суроғаи электронии ecocomission@yandex.ru ирсол карда мешавад.
Ғолибони озмун ва иштирокдорони фаъол бо маблағ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ мешаванд.








Маҷлиси намояндагон тағйирот ба Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалиро қабул намуд
Дар Танзания вохӯрии ҳамоҳангсозии роҳбарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои СААД доир шуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Даври дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон оғоз гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»






