Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
ДУШАНБЕ, 18.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, фарҳанг, кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардиданд, мулоқот анҷом доданд.
Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин аз вазифаи муовини якум ва Салимова Лола аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташон озод гардида, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин ба вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардид.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдуманнон, Нодирӣ Шаҳноза ва Мирсайзод Ҳаким бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифаи муовинони вазири адлия озод гардида, Ализода Нигина ба вазифаи муовини якум, Ҳакимзода Асадулло ва Каримзода Шараф ба вазифаи муовинони вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.
Ҳамчунин, бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Давлатзода Зевар бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини вазири фарҳанг озод гардида, Шарифзода Манучеҳр ва Абдураҳимзода Қурбоналӣ ба вазифаи муовинони вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.
Нодирӣ Шаҳноза ва Ализода Алишер ба вазифаи муовинони вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда, Камолитдинзода Илёс аз вазифаи муовини вазири рушди иқтисод ва савдо озод, Насриддинзода Рухшона – муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, Ҳаётзода Фирдавс муовини якуми Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Холиқзода Абдуманнон муовини Сардори хадамоти мазкур таъин гардиданд.
Раҷабзода Маҳмадёр ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт» таъин ва Шоҳиён Маҳмуд аз ин вазифа озод шуд.
Дар ҷараёни мулоқот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳадаф ва дурнамои сиёсати кадрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавону лаёқадманд ва тарбияи мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ёдовар шуда, иброз доштанд, ки баланд бардоштани мақому мартабаи зан дар ҷомеаи озоду соҳибистиқлоли Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
«Бонувони соҳибҳунар, ташаббускор, забондону меҳнатдӯст ва занону духтарони замони соҳибистиқлолӣ бо соҳибмаърифатӣ, фидокориву ҷасорат, ақлу заковат, донишҳои мукаммалу ихтисосҳои талаботи замони муосир дар пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат саҳми беназир доранд.
Саҳми занон бахусус дар тарбияи насли солиму донишманд хеле бузург буда, аз нисф зиёди мутахассисони соҳаҳои маорифу тандурустиро занони соҳибмаълумоту бофарҳанги мо ташкил медиҳанд»- иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар охир ба мутахассисони ҷавону умедбахш, ки аксарият хатмкардагони муассисаҳои олии таълимии мамлакат ва хориҷӣ буда, ду ва ё зиёда забонҳои хориҷиро дар сатҳи олӣ медонанд, барои мукаммал гардонидани таҷрибаву донишҳои назариявиву касбӣ ва хизмати софдилонаву содиқона ба нафъи халқу миллат ҳидояту дастурҳои мушаххас доданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон






