Сайёҳӣ пас аз COVID-19: бардошт аз видеоконфронс

Июнь 2, 2020 08:45

ДУШАНБЕ, 02.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои паст намудани шиддати таъсири коронавируси нави COVID-19 ба соҳаи сайёҳӣ ва роҳҳои барқарорсозии соҳа 1 июн зимни видеоконфронс дар мавзӯи Консепсияи «Рӯ ба барқарорсозӣ», ки бо ташаббуси Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Дар кори видеоконфронс аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ширин Амонзода иштирок намуд. Мавсуф  зикр намуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19 амал мекунад ва дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда сироятёбӣ ба ин вирус дар мамлакат то як андоза коҳиш ёфт.

«Зикр гардид, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷиҳати паст намудани шиддати таъсири COVID-19 ба соҳа пайваста бо ширкатҳои сайёҳӣ кор бурда истодааст. Инчунин тадбирҳо барои рушди сайёҳии дохилӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ идома доранд», — илова намуд манбаъ.

Дар видеоконфронс Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, роҳбарони сохторҳои сайёҳии ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Гурҷистон, Қирғизистон, Арманистон, Беларус, Туркманистон ва Федератсияи Россия ширкат варзида, ҷонибҳо дар масъалаҳои паст намудани шиддати таъсири COVID-19 ба соҳаи сайёҳӣ, роҳҳои барқарорсозии соҳа баъди коронавируси нав, Консепсияи «Рӯ ба барқарорсозӣ», таҳлили ҳолат дар кишварҳои ҳамҷавор, ҳамкории байни сохтори марбутаи давлатҳо дар соҳаи сайёҳӣ ва нақшаи чорабиниҳои муштарак табодули афкор намуданд.

Ҷониби Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Беларус зикр намуданд, ки дар наздиктарин фурсат сарҳадҳои худро барои сайёҳон боз мекунанд ва сабукиҳо барои рушди соҳа ҷорӣ менамоянд. Барои таъмини саломатии сайёҳон дар сарҳадҳо долонҳои амниятӣ ташкил карда шуда, сайёҳон пас аз гузаронидани корҳои профилактикӣ ба кишвар ворид мегарданд.

Ҷониби Ӯзбекистон иттилоъ дод, ки барои нафароне, ки бори аввал дар соҳаи сайёҳӣ фаъолиятро шурӯъ мекунанд, (стартапҳо) имтиёзпулиҳо аз ҷониби ҳукумат пешниҳод мегарданд.

Инчунин ҷониби Арманистон ва Қазоқистон зикр намуданд, ки баъди тасдиқи қарор аз ҷониби ҳукумати кишварҳояшон сарҳадҳо барои сайёҳон кушода мешаванд ва пеш аз вуруд тавсияҳо оид ба нигаҳдории саломатӣ дода мешаванд.

Ҷонибҳо ташкили хатсайрҳои фосилавӣ (виртуалӣ)-ро тақозои замон ва саривақтӣ арзёбӣ карда, иброз доштанд, ки барои рушди минбаъдаи сайёҳӣ дар кишварҳои ҳамҷавор ташкили махзани ягонаи сайёҳӣ дар фазои маҷозӣ ва хатсайрҳои алоҳидаю муштараки фосилавӣ (виртуалӣ) муҳим мебошад.

Дар фарҷом тарафҳо барои ҳамкории судманд бобати пешбурди соҳаи сайёҳӣ ба тавофуқ расиданд.

Июнь 2, 2020 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва иҷлосияи 49-уми Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ таҳти раёсати намояндаи Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan–2026» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардиданд
Масъалаҳои густариши ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бо ЮНЕСКО баррасӣ шуданд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Соли 2026 метавонад яке аз чор соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳои иқлимӣ бошад
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок кард
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ АМНТАРИНИ ДУНЁ. Дар шохиси ҷаҳонии «Қонун ва тартибот»-и «Gallup» Тоҷикистон мақоми якумро касб намуд
Дар Москва бо ташаббуси Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ Конфронси сатҳи баланд оид ба бехатарии парвозҳо баргузор гардид
Бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкории занон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ доир гардид
ҲУШДОРИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН: ҳар як паём ё файлро бодиққат санҷед
Форуми сеюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон доир шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Аврупо созишномаҳо ба имзо расонид