Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз рӯи ҳаҷм 35,8 фоиз афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 22.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷм 35,8 фоиз ва аз рӯи арзиш 44,8 фоиз афзоиш ёфтааст.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, баробар ба 17 июни соли равон, содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22 ҳазору 433 тонна зиёд мебошад.
Мавриди зикр аст, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ситоди корӣ оид ба ташкили содироти мева ва сабзавоти барвақтӣ бо риояи қатъии талаботи фитосанитарию эпидемиологӣ ташкил карда шудааст.
Ситоди корӣ вобаста ба нигоҳдорӣ ва таҳвили сабзавот, меваи тару тоза ва хушк, тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо субъектҳои кишварҳои харидори ин маҳсулот бо мақсади бамаротиб зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулоти соҳа равона намуда, ҷиҳати бартараф сохтани камбудиҳои соҳа тамоми тадбирҳоро андешида истодаанд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки то санаи мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзӣ 85119 тонна содирот гардидааст.








Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ — барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд






