Суғд: Афзоиш ёфтани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон

Июнь 3, 2020 10:07

 ДУШАНБЕ, 03.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз аввали соли равон дар роҳҳои мошингарди вилояти Суғд назар ба ҳамин давраи соли гузашта содиршавии  ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон рӯ ба афзоиш аст. Аз ҷумла, дар ин давра 8 нафар кӯдак ба ҳалокат расида, 15 тани дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ гирифтаанд. 

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд Карим Ҷумъаев иттилоъ дод, давоми 5 моҳи сипаригаштаи соли 2020 дар роҳҳои мошингарди қаламрави вилоят аз шумораи умумии садамаҳои роҳу нақлиётии рӯйдода 22 ададаш бо иштироки кӯдакону наврасон содир гаштаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба 5 моҳи аввали соли 2019 11 адад, яъне сафи ҳалокшудагон 6 нафар ва ҷароҳатбардоштагон 5 нафар зиёд мебошад.

Ҳамзамон дар маҷмӯъ, давоми 5 моҳи сипаригаштаи соли 2020 дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди вилояти Суғд 82 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, бар асари он 48 нафар ба ҳалокат расида, 85 тани дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Дар бештари ҳолатҳо сабаби асосии садамаҳо -ин бо суръати баланд рондани воситаи нақлиёт аз ҷониби ронандагон мебошад.

Июнь 3, 2020 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд