ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 июн, панҷшанбе, 177-умин рӯзи соли 2020 аст

Июнь 25, 2020 08:00

25 июни соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Куала-Лумпур бо собиқ Сарвазири Малайзия Махатҳир Муҳаммад мулоқот намуданд. Зимни гуфтугӯ аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ, муҳайё шудани нахустин заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ ва оғози фаъолияти Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия изҳори хушӣ карда шуд.

***

3 сол пеш, 25 июни соли 2016 дар доираи сафари кории худ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиндагӣ ва фаъолияти сокинони деҳаи навбунёди Раҳмонобод шинос шуданд.

***

25 июни соли 2008  хатти барқи «Лолазор-Хатлон» ифтитоҳ гардид.

 25 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Мозамбик — Рӯзи Истиқлолият.

***

 Дар Россия- рӯзи кормандони омор.

 ***

Дар Словения — Рӯзи сохти давлатдорӣ.

***

Дар Филиппин — Рӯзи дарахтшинонӣ.

РӮЙДОДҲО:

 25 июни соли 1947 ҷамъияти «Дониш»-и Тоҷикистони Шӯравӣ таъсис дода шудааст.

***

25 июни соли 2007  дар шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Asia Grand Hotel» ифтитоҳ ёфт.

***

85 сол қабл, 25 июни соли 1935 дар Париж Анҷумани байналмилалии нависандагон дар ҳимояи фарҳанг баргузор гардид, ки дар он Ҷамъияти байналмилалии нависандагон ва Шуъбаи ҳамешагии байналмилалии нависандагон барои ҳимояи фарҳанг таъсис дода шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1919 дар Германия аввалин парвози нахустҳавопаймои «Юнкерс F 13», ки қаноташ як ҷуфт аст, ба амал омад.

***

25 июни  соли 1794 дар робита ба инқилоби Франсия  Екатерина II фурӯши маҳсулоти Франсияро дар Россия манъ намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1858 нахустшумораи аввалин рӯзномаи бритониёию колумбиягии «Виктория газет» нашр шуд.

***

25 июни соли 1998 системаи махсуси амалиётии «Windows 98» баромад.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1876 моҳигири америкоӣ Алфред Енсен аввалин маротиба дар таърих аз уқёнуси Атлантика танҳо шино карда гузаштааст.

***

Соли 1959 дар Москва Никита Хрушев ва сарвазири Америка Ричард Никсон аввалин маротиба дар таърихи Иттиҳоди Шӯравӣ намоишгоҳи миллии Америкаро кушоданд.

Июнь 25, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш