Таъиноти кадрӣ дар як қатор вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат

Июнь 8, 2020 16:41

ДУШАНБЕ, 08.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба вазифаҳои роҳбарӣ таъин гардиданд, мулоқот намуданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иноятзода Баҳром аз вазифаи Раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, Вализода Абдуқодир Исуф аз вазифаи Раиси шаҳри Турсунзода ва Акрамзода Парвиз Акрам аз вазифаи Раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон озод карда шуданд.

Тибқи фармонҳои дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Абдуқодир Исуф ба вазифаи иҷрокунандаи Раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, Акрамзода Парвиз Акрам ба вазифаи иҷрокунандаи Раиси шаҳри Турсунзода ва Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло ба вазифаи иҷрокунандаи Раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таъин гардиданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Сӯҳроб аз вазифаи муовини якум, Вализода Рустам аз вазифаи муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва Бобозода Раҳим муовини якуми вазири нақлиёт, Сироҷзода Шуҷоат муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.

Ҳамчунин, Раҳматуллозода Сахидод муовини раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, Абдураҳмонзода Саидумрон ва Назарзода Заррина аз вазифаи муовинони раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд.

Мавлодод Абдулқодир ва Қиёмзода Зарафо муовинони раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Табарзода Раҳматулло бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва Абдураҳимзода Нурулло ба ин вазифа таъин карда шуд.

Зимни суҳбат Пешвои миллат фаъолияти меҳнатӣ ва таҷрибаи кории ҳар як мутахассиси соҳаҳои зикршударо таҳлилу баррасӣ ва баҳогузорӣ карда, таъкид намуданд, ки сазовори боварӣ ва эҳтироми мардум гардидан аз фаъолияти поквиҷдононаву азму талоши ҳар як кадр вобастагӣ дорад.

Сардори давлат аз камбудиву қонуншиканӣ дар фаъолияти кории баъзе роҳбарони шаҳру ноҳияҳо мисолҳои мушаххас оварда, иброз доштанд, ки дар фаъолияти хизматиатон бо ҳисси масъулияти баланд муносибат намоед ва дар чаҳорчӯбаи қонун амал кунед.

«Содиқона, поквиҷдонона ва бо ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ вазифаҳои худро ҳамчун хизматчии давлатӣ иҷро кунед, бо мардум робитаи наздиқ дошта бошед, қобилияти кордониву ташкилотчигиатонро сарфи корҳои ободониву бунёдкорӣ ва беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардум сарф намоед!» — таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Таъиноти кадрӣ 08.06.2020

Июнь 8, 2020 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд