Ҳушдори Агентии обуҳавошиносӣ: аз таъсири нурҳои ултрабунафш дурӣ ҷӯед!
ДУШАНБЕ, 05.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. 6-7 июн бо сабаби боқӣ мондани вазъи баландшавии ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ҷумҳурӣ эҳтимоли ба вуҷуд омадани селҳои дорои хусусияти маҳаллӣ дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.
5-7 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити обу ҳаво метавонад ба пайдоиши нурҳои ултрабунафш (радиатсияи офтобӣ) дар қабати болоии атмосфера мусоидат намояд ва аз соати 12:00 то 15:00 таркиби нурҳои ултрабунафш ба нишондиҳандаҳои баландтар хоҳад расид. Баландшавии нишондиҳандаҳои нурҳои ултрабунафш ба касалиҳои пӯст, чашм, фишорбаландӣ, диабети қанд ва нафастангӣ (астма) таъсири манфӣ дорад.
Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми нисфирӯзӣ аз гаштугузори беҳуда дар фазои кушод худдорӣ намуда, саломатии худ ва наздиконашонро эмин нигоҳ доранд.








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






