«ВАҲДАТ, ДАВЛАТ, ПРЕЗИДЕНТ». Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ҷилди 32-юми ин китоб аз чоп баромад
ДУШАНБЕ, 26.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 23-солагии Ваҳдати миллӣ ҷилди 32-юм китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» дар нашриёти «Истеъдод» ба табъ расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Асари мазкур аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва муҳаққиқ Рамазонӣ Давлатов мураттаб гардидааст.
Муллифи асар нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва аҳамияти таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон барои минтақа ва ҷомеаи байналмилалӣ ба пуррагӣ маънидод намудааст.
Инчунитн мақолаҳо доир ба мавзӯъҳои Истиқлолияти энергетикӣ, ифтитоҳи НБО «Роғун», Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 5500-солагии Саразми бостонӣ, дурнамои рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ташаббусҳои Сарвари давлати тоҷикон дар масъалаи аҳамият ва арзиши бебаҳотарини сарвати табиат — об, ки дар арсаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст, аз ҷониби муаллифон мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтаанд.








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






