Ёддоштҳои табодулӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Япония барои мубориза бо СOVID-19 ба имзо расиданд

Июнь 19, 2020 15:24

ДУШАНБЕ, 19.06.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз зимни мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо  Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония баррасӣ шуданд. Инчунин ҷонибҳо ҳамкории ду кишварро дар самти мубориза бо бемории ҳамагири СOVID-19 мавриди баррасӣ қарор дода, Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония роҷеъ ба расонидани кумаки башардӯстонаи Ҳукумати Япония ба Тоҷикистон барои мубориза бо СOVID-19 дар чаҳорчӯби «Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ» ба имзо расиданд.

Дар маросими имзои ёддоштҳои табодулӣ Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин қайд кард, ки боиси  хушнудии ҷониби Тоҷикистон аст, ки дар тӯли 28 соли муносибатҳои дипломатӣ ду кишвар ҳамкориҳои наздик ва дӯстонаро, ки доираи васеи соҳаҳои мухталифро дарбар мегиранд, густариш доданд. Дар ин раванд мо шоҳиди рӯйдодҳои муҳим, аз ҷумла мубодилаи сафарҳо дар сатҳи олӣ, дар равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Япония гаштаем.

«Япония яке аз муҳимтарин шарикони рушди Тоҷикистон аст. Ҳамкориҳои гуногунҷанба дар соҳаҳои мухталиф, ки барои кишвари мо аҳамияти ҳаётӣ доранд, ба роҳ монда шудаанд. Мо аз кумакҳои Япония дар соҳаҳои зерсохторӣ, тандурустӣ, беҳдошт, некӯаҳволии ҷомеа, омӯзиш ва рушди малакаҳо дар доираи Кумаки расмии рушд (ODA) миннатдорем. Бояд қайд кард, ки таълим ва рушди захираҳои инсонӣ яке аз самтҳои авлавиятноки стратегӣ дар Тоҷикистон мебошанд. То кунун беш аз 2250  мутахассис аз Тоҷикистон дар давраҳои гуногуни бозомӯзӣ дар Япония таҳсил карданд. Аз соли 2009 ин ҷониб лоиҳаи Стипендияи рушди захираҳои инсонӣ аз ҷониби Барномаи кумаки Япония (JDS) тавассути рушди нерӯи мутахассисони ҷавон дар бахшҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ, иқтисодиёт ва менеҷмент саҳми арзанда гузошта истодааст», — гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.

Ҳамчунин зикр шуд, ки  бемории COVID-19 мушкили тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, пирӯзӣ бар он саъю кӯшиши дастаҷамъонаи ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро талаб мекунад. Зеро бар асари ин бемории ҳамагир ҳазорон нафар дар саросари дунё ҷони худро аз даст доданд.

Имрӯз коронавируси нав барои тамоми кишварҳо мояи нигаронӣ аст. Тавре маълум аст, бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зиддиэпидемиологӣ бобати пешгирии паҳншавии коронавирус дар
Тоҷикистон, охири апрели соли равон нахустин ҳолатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ тасдиқ шуд. Вале, хушбахтона имрӯз шумораи шахсони сироятёфта ба коронавирус дар мамлакат рӯз аз рӯз коҳиш ёфта, 71.2 фоизи беморон шифо ёфтанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита иброз дошт, ки дар Тоҷикистон бинобар андешидани чораҳои  зарурии Ҳукумати мамлакат ва мусоидати аҳолӣ  шумораи гирифторони  COVID-19 кам шуд. Мутаасифона COVID-19 дар тамоми ҷаҳон паҳн шуда, таъсири худро расонид. Бинобар ин, барои аз байн бурдани ин вирус бояд тамоми кишварҳо якҷо кор кунанд, зеро танҳо дар ин ҳолат мо метавонем бар он ғолиб шавем.

Дар анҷом Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз номи Ҳукумати Тоҷикистон барои баррасии фаврии расонидани ёрии башардӯстона ба Ҳукумати Япония изҳори миннатдорӣ намуд.

Июнь 19, 2020 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Токио 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Вена ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ доир шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Умон дар соҳаи меҳнат баррасӣ шуданд
Аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад
Сафири Тоҷикистон ба Амири Кувайт эътимоднома супорид
Дар Москва бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Теҳрон Намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони «Тоҷикистон дар масири рушду шукуфоӣ» ифтитоҳ гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон
Дар Боку бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Лондон бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Теҳрон китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ба хатти форсӣ ба чоп расид