55%-и оилаҳои этиёҷманд бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин шуданд

Июль 17, 2020 12:58

ДУШАНБЕ, 17.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи аввали соли равон  аз шумораи умумии оилаҳои этиёҷманд 55% бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин шуданд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода иброз намуд.

Дар нишаст инчунин зикр гардид, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2009-2019 барои бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани эҳтиёҷмандон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо майдони 30492,47 гектар замин ҷудо карда шудааст. Аз майдони умумӣ 22917,04 гектар ба 224625 нафар эҳтиёҷмандон тақсим карда шуданд.

Дар ин давра корҳои заминсозию кадастри замин, назорати давлатии замин, топографию геодезӣ, харитасозӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад, бақайдгирии молу мулки ғайриманқулро дар миқёси ҷумҳурӣ идома ёфт.

Кумитаи давлатӣ назоратро оид ба риояи қонунгузории замин ва самараноку оқилона истифода бурдани он боз ҳам пурзўр намуда, дар ин ҷода корҳои муайянеро ба сомон расонид.

Дар ин давра аз ҷониби  Кумитаи давлатӣ  ва мақомоти он дар маҳал 6697 ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин ошкор  карда шуд. Нисбат ба 6156 ҳолатҳо парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 2 940 763 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуданд.

Июль 17, 2020 12:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ
ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид