ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Оилаи Камоловҳо дар деҳаи Ростровути Деваштич таваллудхона месозад
ДУШАНБЕ, 09.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокини деҳаи Ростровути ноҳияи Деваштич Мирзоҳаким Камолов ва фарзандонаш таваллудхона бунёд намуда истодаанд. Дар ин кори хайр оилаи Камоловҳоро ҳамдиёрон дастгирӣ намуда, тасмим гирифтаанд, ки таваллудхонаро соли равон мавриди истифода қарор диҳанд.
Бинои таваллудхона аз ду ошёна иборат буда, дорои 10 кат мебошад ва бо ифтитоҳи он сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар ҷамоат беҳтар хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Деваштич бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ сохтмону навсозии 309 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 200 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст.
Сокинони ноҳия ба пешвози ҷашни таърихӣ дар корҳои ободониву созандагӣ саҳми арзанда гузошта, барои ободонии маҳал ҷаҳду талош карда истодаанд.








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






