COVID-19. Судяҳои судҳои иқтисодии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ин вирус саҳм гузоштанд

Июль 4, 2020 13:50

ДУШАНБЕ, 04.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Судяҳои судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 000 сомонӣ ҳамчун кумаки молиявӣ ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, ирсол намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ин ташаббус бо пайравӣ аз иқдоми башардӯстона ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки дар пайравӣ ба иқдомҳои хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 ва табобати гирифторони он роҳбарону кормандони як қатор вазорату идораҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатманд саҳми худро гузошта истодаанд.

 

АКС аз манбаъҳои дастрас

Июль 4, 2020 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид