Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 70 нафар донишҷӯён аз Ӯзбекистон таҳсил менамоянд

Июль 20, 2020 13:50

ДУШАНБЕ, 20.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 90 нафар донишҷӯён аз кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, ки 70 нафарашон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд. Дар ин бора муовини аввали Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Маҳмуд Тошматов имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Маҳмуд Тошматов ҳамчунин гуфт, ки  дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барномаи махсуси рушди донишгоҳ то соли 2030 ба тасвиб расонида шудааст, ки тибқи он шумораи мутахассисони навовар зиёд мегардад.

«Донишгоҳ бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, созмону ширкатҳои хориҷӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ шартнома ва созишномаҳои тарафайн ба имзо расонидааст. Ҳамчунин дар шашмоҳи аввали соли равон донишгоҳ дар амалӣ гардидани чор лоиҳаи Барномаи ЭРАСМУС+ Иттиҳоди Аврупо, лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ»- Бонки ҷаҳонӣ, «Маълумоти касбӣ ва такмили ихтисос дар Осиёи Марказӣ»-и Созмони ҳамкории байналмилалии Германия, лоиҳахои Ташкилоти Кореягии WTIT «Интиқоли тенологияҳои коммуникатсионии глобалӣ», Маркази байналмилалии тиҷоратӣ, Маркази таълимии Конфутсия фаъолона иштирок намуд, ки амалишавии бештари онҳо солҳои оянда низ идома меёбад»,- афзуд номбурда.

Зикр шуд, ки донишгоҳи мазкур соли равон Созишномаи се барномаи таълимиро дар бораи аккредитатсияи байни «Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг»-и Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расонид, ки инҳо барномаи таълимии «Технологияи шир ва маҳсулоти ширӣ», «Иқтисодиёти ҷаҳонӣ» ва «Молия ва қарз» мебошанд.

Дар сохтори донишгоҳи  мазкур 8 факултет, 19 кафедра ва шуъбаи магистратура фаъолият дошта, дар он аз рӯи 476 фанни таълимӣ дарс дода мешавад.

Июль 20, 2020 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид