Дар шаш моҳ ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 282 муроҷиати хаттӣ ворид шуд

Июль 16, 2020 15:55

ДУШАНБЕ, 16.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якуми соли равон ба дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқӣ инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 282 адад муроҷиатҳои хаттӣ ворид гардидааст, ки талаботи аксари онҳо қонеъ гардонида шуданд. Дар ин бора имрӯз Ваколатдор оид ба ҳуқуқӣ инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар ҳузури намояндагони ВАО  изҳор дошт.

Таъкид гардид, ки  муроҷитаҳои воридгардида бештар фарогири масъалаҳои  ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ,  ба манзил, вазъи ҳифзи ҳуқуқи  инсон  дар  мақомотҳои муҳофизатӣ, таъминоти иҷтимоӣ  ва дигар мавзӯъҳои ба ин самт  дахл дошта буданд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки муроҷиатҳое, ки ба дастгоҳи марказии  Ваколатдор оид ба ҳуқуқӣ инсон ҳамарӯза ворид мегарданд, расман ба қайд гирифта  шуда, ба ҳамаи онҳо сари вақт  тариқи  хаттӣ ва шифоҳӣ ҷавоб гардонида мешавад.

Июль 16, 2020 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд