Дар Вазорати адлия 19 хизматчии давлатии маъмурӣ аз мансаб озод карда шуданд
ДУШАНБЕ, 13.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон аз дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои тобеи он 19 хизматчии давлатии маъмурӣ бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи моддаи 41 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз мансаб озод карда шуданд.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири адлия Музаффар Ашӯриён иттилоъ дод.
Музаффар Ашӯриён зикр кард, ки дар пешрафти кор нақши кадрҳои баландихтисос намоён буда, вазорат ба ин масъалаи муҳим таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 4 хизматчии давлатӣ барои баланд бардоштани савия ва малакаи дониш ба курсҳои кўтоҳмудат, аз ҷумла 3 нафар ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ равон карда шуданд.
Дар нишасти мазкур зикр гардид, ки дар самти баландбардории тайёрии касбии довталабон ва ҷобаҷогузории дурусти мутахассисон дар нимсолаи якуми соли 2020 15 корманд ба мансабҳои хизмати давлатӣ ва ғайри хизмати давлатӣ ба кор қабул гардиданд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






