ДМТ: Ба 8 нафар донишҷӯёни хориҷӣ бинобар баста шудани роҳҳо дар хобгоҳи аспирантон ҷой дода шуд
ДУШАНБЕ, 15.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба 8 нафар донишҷӯи хориҷӣ, ки дар факултетҳои донишгоҳ таҳсил намуда, дар давраи авҷи бемории коронавирус, бинобар баста шудани роҳҳо имкони рафтан ба кишвари худро надоштанд, дар хобгоҳи аспирантон барои истиқомат ҷой дод. Ҳамчунин онҳоро аз пардохти маблағ барои истиқомат озод намуда, аз аҳволи онҳо пайваста бохабар мешаванд.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушбахтзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки авҷи хурӯҷи бемории коронавирус ба давраи таътили наврӯзӣ, ки як ҳафтаро ташкил медод, рост омад. Дар ин давра як қисми донишҷӯёни хориҷӣ ба кишвари худ рафта буданд ва бинобар баста шудани сарҳадҳо баргашта натавонистаанд. Раёсати донишгоҳ умедвор аст, ки баъд аз паси сар намудани ин вазъият ба онҳо шароит фароҳам меорад, ки қарзҳои академии худро супоранд. Инчунин донишҷӯёне, ки то ин давра дар шаҳри Душанбе қарор доштанд, бо ибтикори Вазорати корҳои хориҷӣ ва Ҳукумати мамлакат ба давлатҳои худ баргаштанд.
Дар нишаст зикр гардид, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имрӯз бо 286 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмии таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ дорад. Дар доираи созишномаҳои мазкур ба муассисаҳои олии касбии Беларус факултети муштараки ДМТ ва муассисаи таҳсилоти олии касбии Беларус фаъолият менамояд, ки аз рӯи 11 ихтисос барои пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ мутахассисони зарурӣ омода менамояд. Қобилҷон Хушвақтзода ҳамчунин зикр кард, ки соли равон 17 нафар донишҷӯй факултети муштарак бо муваффақият донишгоҳҳои Беларусро хатм намуданд.








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






