Иди Қурбон дар Тоҷикистон 31 июл таҷлил карда мешавад

Июль 22, 2020 11:00

ДУШАНБЕ, 22.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 31 июл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди саиди Қурбон таҷлил карда мешавад.  Дар ин бора  имрӯз зимни нишаcти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам АБДУЛҚОДИРЗОДА хабар дод, иттилоъ медиҳад мухбири  АМИТ «Ховар»  Фирӯза ДАВЛАТЗОДА.   

Саидмукаррам Абдулқодирзода зикр намуд, ки «санаи мазкур мувофиқи далелҳои илмӣ муайян карда шудааст. Азбаски мо дар ҳолати пандемияи  коронавирус қарор дорем, ба хотири бартараф шудани ин хатар айни замон масҷидҳо баста мебошанд. Ин гуна ҳолатҳо дар шариати исломӣ низ пешбинӣ карда шудаанд ва намозгузорон метавонанд дар хонаи худ дар вақти намози ид ба зикру тоат машғул шаванд».

Тавре Раиси Шӯрои уламо баён дошт, мувофиқи гуфтаи баъзе аз фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ дар ин гуна ҳолатҳо шарт гузошта шудааст, ки дар сурате   намози ид хонда нашавад, қурбонӣ баъди нисфирӯзӣ анҷом дода мешавад. «Яъне дар ин рӯз бояд намози ид хонда мешуд, аммо намози ид, ки хонда намешавад, қурбонӣ бо таъхир анҷом дода мешавад», — гуфт ӯ.

Мувофиқи талаботи беҳдоштии муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон, барои аз таъсири ин беморӣ эмин мондан ҷамъшавии одамон ба мақсад мувофиқ дониста намешавад. Аз ин рӯ, тибқи Қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар рӯзи ид дар масҷидҳои кишвар намози дастаҷамъона баргузор намегардад.

Саидмукаррам Абдулқодирзода  доир ба рукнҳои қурбонӣ чунин гуфт:  «Шахсе, ки саховатманд аст, дар ин рӯз метавонад қурбонӣ кунад. Баъд аз баромадани офтоб қурбонӣ мумкин аст, аммо агар он баъди нисфирӯзӣ анҷом дода шавад, савобаш бештар мебошад. Гӯшти қурбониро шахс метавонад дар ҳудуди оилаи худ ба се қисм тақсим намояд- якеро барои аҳли оила гузошта, дигарро ба ҳамсояҳои камбизоаташ хомталош намояд ва бо қисми боқимонда аҳли оиларо зиёфат диҳад».

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Сулаймон Давлатзода иброз намуд, ки бо дарназардошти вазъи пандемия ва баста шудани марзҳо сафари имсолаи зоирон бекор карда шуд. Аз ин рӯ, баъди бартараф шудани  мушкилоти баамаломада дар мавсими навбатӣ, пеш аз ҳама, онҳое сафар хоҳанд кард, ки тибқи навбат аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ пешниҳод гардидаанд.

Июль 22, 2020 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд