Имсол қарор аст давраи раёсати солонаи Тоҷикистон дар СҲШ ва СААД оғоз гардад-бардошт аз нишасти матбуотӣ
ДУШАНБЕ, 27.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Имсол қарор аст, ки давраи раёсати солонаи Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оғоз гардад», — хабар дод имрӯз дар нишасти матбуотӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин.
Ба гуфти Сироҷиддин Муҳриддин, соли оянда шаҳри Душанбе мизбони иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва нишасти ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба муносибати 20-солагии таъсиси он хоҳад буд. Ҳамчунин бояд ёдовар шуд, ки соли 2021 шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидааст. Гузашта аз ин, 9 сентябри соли оянда 30-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил хоҳад шуд.
«Рӯйдодҳои муҳими мазкур аз Вазорати корҳои хориҷӣ тақозо мекунанд, ки барои дар сатҳи шоиста баргузор шудани интихоботи президентӣ дар хориҷи мамлакат, анҷом додани раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва истиқбол намудани 30-солагии Рӯзи Истиқлолияти давлати маҳбуби мо омодагии ҳамаҷонибаи ҷиддӣ бинад»,- таъкид намуд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин.
Мавсуф ҳамзамон илова намуд, ки бо дарназардошти паҳншавии вируси нави корона ва ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо дар кишварҳои ҷаҳон тасмим гирифта шуд, ки баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба соли оянда ба таъхир гузошта шавад.








Иқтидори Тоҷикистон дар Форуми глобалии энергетикӣ дар шаҳри Вашингтон муаррифӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти рушди иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон дар доираи ЮНЕСКО баррасӣ шуд
Фарҳангу таърихи Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишгоҳи ADA-и Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Дар шаҳри Гроднои Беларус мероси фарҳангии халқи тоҷик муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо имкониятҳои иқтисодӣ, саноатӣ ва илмии музофоти федеролии Саарланди Олмон шинос шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баланд арзёбӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
Дар Женева ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баррасӣ гардид
Вазири корҳои хориҷии Кипр Константинос Комбос дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи СММ оид ба пешгирии ҷиноят ва адлияи ҷиноӣ дар Женева иштирок дорад
Дар Москва машваратҳои муовинони вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор шуд






