Мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Чин дар Душанбе

Июль 24, 2020 08:15

ДУШАНБЕ, 24.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 22 июл дидори маҷозии муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Душанбе Лю Бин баргузор шуд.  

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад,  масъалаҳои амалисозии лоиҳаҳои муштараки зерсохторӣ дар Тоҷикистон меҳвари мулоқотро ташкил доданд.

Инчунин зимни баррасии масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми тарафайн ҷониби Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷониби чиниро ба интишори матолибе дар расонаҳои чинӣ ҷалб кард, ки мавзӯи марбут ба марзи давлатии ду кишварро ба гунаи ғаразнок бозтоб намудаанд.

Дар ин замина ва бо дарназардошти муносибатҳои дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва шарокати ҳамаҷонибаи роҳбурдӣ байни ду давлат таъкид гардид, ки ҷонибҳо бояд ҷиҳати роҳ надодан ба интишори ин гуна матолиби ғаразнок дар расонаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Июль 24, 2020 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд