Пагоҳ нишасти матбуотии Вазорати молия, Кумитаи забон ва истилоҳот, Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, МД «Лоиҳаи рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 28.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 29 июл Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2020 нишасти матбуотӣ мегузаронанд.
Нишасти матбуотии Вазорати молия соати 09:00 дар Вазорати мазкур, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм соати 11:00 дар бинои ин Агентӣ (кӯчаи Айнӣ, 126, бинои КВД «Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе») барпо мешаванд.
Кумитаи забон ва истилоҳот нишастро соати 09:00, Кумитаи кор бо занон ва оила соати 11:00 ва МД «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» соати 14:30 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» доир менамоянд.
Хотиррасон менамоем, ки масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) мувофиқа менамоянд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» —www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.
Бо назардошти аз байн нарафтани хавфи мубталошавӣ ба коронавирус, ба диққати масъулин ва иштирокчиёни нишастҳои матбуотӣ расонида мешавад, ки талаботи беҳдоштии муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19-ро қатъиян риоя намоянд.








Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд






