Прокурори генералӣ: «Зиёда аз 600 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ҷудо кардани қитъаи замин бекор гардид»
ДУШАНБЕ, 14.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи аввали соли равон 513 парвандаи ҷиноӣ вобаста ба замин ва заминфурушӣ оғоз гардида, нафарони қонуншикан ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Дар ин бора Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон имрӯз дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Дар нишаст ҳамчунин таъкид гардид, ки риояи қонунгузории замин дар маркази диққати мақомоти мазкур қарор дошта, ҷиҳати бартараф намудани қонуншиканиҳо дар ин самт 2219 санадҳои эътиноии прокурорӣ татбиқ ва 3248 нафар барои қонуншиканӣ ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шуданд. Инчунин беш аз 6286 гектар қитъаи замини ғайриқонунӣ ғасбшуда ба ҳолати аввал баргардонида шудаанд.
«Мо зиёда аз 600 қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳоро вобаста ба ҷудо кардани қитъаи замин дар асоси эътирозҳои прокурорӣ бекор кардаем. Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо низ, ки ба ғайриқонунӣ тақсим кардани замин даст доштанд, ба ҷавобгарии дахлдор кашида шуданд. Зарари расида аз ин ҷиноятҳо 1,6 млн сомониро ташкил медод, ки он барқарор карда шуд», — илова кард Прокурори генералӣ.








Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






