Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз майдони парвариши қаламфури булғорӣ дар Хоҷагии деҳқонии «Нарзулло»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов дидан намуданд

Июль 2, 2020 11:12

ДУШАНБЕ, 02.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар идомаи сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар Хоҷагии деқонии «Нарзулло» бо ҷараёни парвариши қаламфури булғорӣ шинос шуданд.

Хоҷагии мазкур аз соли 2008 инҷониб фаъолият дошта, кишоварзон асосан ба парвариш ва нигоҳубини қаламфури булғорӣ машғуланд. Хоҷагӣ дорои 8 гектар замин мебошад, ки аз он 5 гектарашро замини корами обӣ ташкил медиҳад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол 9 нафар дар хоҷагӣ ҳамчун саҳмдор фаъолият дошта, дар мавсими ҷамъоварии ҳосил тақрибан 20 нафари дигар ба кори мавсимӣ ҷалб мегарданд.

Имсол хоҷагидорон майдони кишти қаламфури булғориро аз 2,3 га ба 3 га расонида, ҳамчунин парвариши помидору қаламфури тунд, пиёз, боимҷон ва пахтаро низ ба роҳ монданд.

Таъкид гардид, ки Хоҷагии деҳқонии «Нарзулло» дар вилоят яке аз хоҷагиҳои фаъол дар самти парвариш ва истеҳсоли қаламфури булғорӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини бозори дохилӣ бо ин навъи маҳсулот саҳми арзанда дорад. Ҳосили имсолаи қаламфур хеле зиёд аст, вобаста ба ҳамин кишоварзон нақшаи содирот кардани ин маҳсулотро тарҳрезӣ менамоянд.

Дар доираи таъкидҳои Пешвои муаззами миллат, хоҷагидор Набиҷон Холматов сол то сол истеҳсоли ин навъи маҳсулотро зиёд менамояд, зеро даромади асосии зиндагии ӯ ва саҳмдорони хоҷагӣ аз замин аст.

Мавриди зикр аст, ки кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов имсол майдони кишти зироатҳои гуногунро ба 14 ҳазору 709 га расониданд, ки аз ин 12 ҳазор гектараш замини корами обӣ буда, 2 ҳазору 187 гектари дигарро заминҳои лалмӣ ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои идораи кишоварзии ноҳия, аз маҷмӯи заминҳои киштшуда, бо дарназардошти заминҳои наздиҳавлигӣ, дар қаламрави ноҳия 60 гектар қаламфури булғорӣ кишт карда шудааст.

Аснои шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассиси Хоҷагии деҳқонии «Нарзулло» барои дастгирии сиёсати давлату Ҳукумати кишвар дар самти истифодаи мақсадноки замин изҳори сипос карда, барои дар оянда зиёд намудани майдони кишти қаламфури булғорӣ ва содироти он дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бино ба таъкиди Пешвои миллат, имрӯз бояд деҳқонон нисбат ба солҳои гузашта бо масъулияти баландтар меҳнат намоянд ва дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми назаррас гузоранд, зеро пандемияи ҷаҳонии вобаста ба хуруҷи бемории коронавирус, мардуми сайёраро пеш аз ҳама ба мушкилоти ғизоӣ рӯ ба рӯ намудааст.

Кишоварзони ноҳия низ ҷиҳати амалӣ намудани дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваъда доданд, ки кӯшиш менамоянд истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро зиёд ва бозорҳои дохилиро бо маводи ғизоии хушсифат ғанӣ гардонанд.

Боздид аз майдони парвариши қаламфури булғорӣ дар Хоҷагии деҳқонии "Нарзулло"-и ноҳияи Ҷаббор Расулов 02.07.2020

Июль 2, 2020 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии Пайванди Рашт дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи фаръии истеҳсоли шарбати Саноати хӯроквории минтақаи Раштро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 15 иншоотро ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи расмии Варзишгоҳи миллӣ ва барномаи театрикунонидашуда ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози роҳпаймоии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ