Сироҷиддин Муҳриддин бо Одил ал-Ҷубайр суҳбати телефонӣ анҷом дод

Июль 30, 2020 08:20

ДУШАНБЕ, 30.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Одил ал-Ҷубайр 29 июл баргузор гардид.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Мусоҳибон зимни арзёбии ҳамкории ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ва тиб, бар аҳаммияти идомаи ҳамёрӣ ва иқдомҳои муштарак ҷиҳати пирӯзӣ бар ҳамагирии COVID-19 таъкид карданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Июль 30, 2020 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд