Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон кумаки техникӣ мерасонад
ДУШАНБЕ, 16.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки техникӣ мерасонад.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин бора зимни суҳбати видеоконфронсии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Марумии Чин дар Тоҷикистон Лю Бин гуфта шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар суҳбат инчунин масъалаҳои гуногуни рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла аз Чин ба Тоҷикистон сафарбар намудани мутахассисон барои таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои муштараки саноатӣ ва сохтмону навсозии лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика ва иҷтимоӣ, инчунин бинои нави Парламент ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардиданд.
Ҳамзамон таклифу пешниҳодҳои тарафҳо вобаста ба баргузор намудани ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ байни Тоҷикистон ва Чин, таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, афзоиш додани содироти меваи тару тоза ва хушк ба бозорҳои Чин, рушди иқтисоди рақамӣ ва пешниҳоди сабукиҳои хизматрасонии қарзи давлатӣ вобаста ба паёмадҳои пандемияи коронавирус дар кишварҳои ҷаҳон хуш пазируфта шуданд.








Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид






