Ҳушдори КҲФ ва МГ ба сокинон: нимаи дуюми даҳаи охири моҳи июл гармтарин рӯзҳо хоҳанд буд
ДУШАНБЕ, 26.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми даҳаи охири моҳи июл гармтарин рӯзҳо хоҳанд буд. Дамои ҳаво рӯзҳои 25 – 28 июл то 44 дараҷа хоҳад расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тавре кумита бо истинод ба Агентии ҳавошиносии кишвар ҳушдор медиҳад, бар асари ин гармӣ дар баландкӯҳҳо эҳтимоли беш аз ҳадди интизор об шудани барфу пиряхҳо вуҷуд дорад ва ин метавонад боиси он шавад, ки дар дарёҳои Панҷу Вахш сатҳи об боло равад. Омадани сел ва рух додани обхезӣ, лағзиши тарма ва резиши санг ҳам эҳтимол дорад.
Дар ин иртибот, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони ноҳияҳои кӯҳӣ муроҷиат намудааст, ки дар чунин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд ва бахусус ҳангоми ҳезумчинӣ, чаронидани чорво ва шикор зиракиро аз даст надиҳанд.
Кумита ҳамчунин ба шаҳрвандон муроҷиат кардааст, ки қоидаҳои бехатариву амниятро ҳангоми оббозӣ ва будубош дар соҳили обҳо риоя намоянд ва бахусус ба кӯдакону наврасон эътибор диҳанд ва онҳоро беназорат нагузоранд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






