Вазири корҳои хориҷӣ: «Бо ба эътидол омадани вазъи ҳамагирии СOVID-19 286 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан оварда мешаванд»
ДУШАНБЕ, 27.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар урдугоҳҳои қувваҳои мухолифи Ҳукумати Сурия зиёда аз 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд. Дар ин бора имрӯз дар нишасти мутбуотӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин хабар дод.
Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намуд, ки аз ин шумора барои ба Ватан овардани 286 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавофуқот ба даст омадааст. Онҳо дар сурати ба эътидол омадани вазъи ҳамагирии COVID-19 ва барқарор шудани парвозҳои байналмилалӣ оварда хоҳанд шуд.
«Вазорат дар ин самт Сафири Тоҷикистонро дар Давлати Кувайт, ки ҳамзамон Сафири Тоҷикистон дар Сурия аст, муаззаф намудааст. Инчунин Вазорат корро бо ниҳодҳои байналмилаӣ бо мақсади баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон хуб ба роҳ мондааст», — зикр намуд Сироҷиддин Муҳриддин.








Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид






