Вазорати адлия: дар Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон шумораи ҷудошавии оилаҳо коҳиш ёфтааст

Июль 13, 2020 12:21

ДУШАНБЕ, 13.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре огоҳӣ дорем, бо сабаби хуруҷи COVID-19 ва дар карантин, яъне дар хона қарор доштани  одамон дар баъзе аз кишварҳои олам   хушунати хонаводагӣ  зиёд гардида, ҷудошавии оилаҳо  низ афзудааст. Дар Тоҷикистон  дар шаш моҳи аввали соли 2020 шумораи сабти ақди никоҳ ва  ҷудошавии оилаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам шудааст.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатбибӣ Сироҷзода ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.

Бино ба маълумоти номбурда, дар шаш моҳи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта сабти ақди никоҳ 3 310 (2019 – 33265) ва сабти бекоркунии ақди никоҳ  579 (2019 – 6 065) ҳолат кам шудааст.

Саодатбибӣ Сироҷзода зикр кард, ки «дар доираи COVID-19 дар кишварҳои хориҷ баръакс ҷудошавии оилаҳо ба як проблемаи глобалӣ табдил ёфтанд. Ба андешаи коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ, дар чунин вазъият ҳатто оилаҳои намунавӣ он ихтилофоте, ки дар дохили чор девор ба вуҷуд меоянд, истода натавонистанд. Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳолат ташвишовар набуд».

Албатта, кам шудани сабти ақди никоҳ ба як муддат манъ гардидани тӯйҳои хонадоршавӣ рабт дорад. Вале сабаби кам шудани шумораи ҷудошавии оилаҳоро  сардори Раёсати САҲШ Саодатбибӣ Сироҷзода ба баланд гардидани маърифати оилавии ҷавонон вобаста донист.

Якдигарнофаҳмӣ, бефарзандӣ, муҳоҷират, беморӣ, ба маҳкама кашидани яке аз ҳамсарон, вазъи иқтисодии оила, ногоҳии ҷавонон аз сабабҳои асосии ҷудошавии оилаҳо боқӣ мемонад.

Аз рӯи маълумот, ҷудошавии оилаҳо аз ҳама бештар дар вилояти Суғд – 1922 ба назар мерасад. Ҷудошавии оилаҳо дар ин давра дар вилояти Хатлон – 1230, ВМКБ – 80, Душанбе — 931, НТҶ – 1323-ро ташкил дод.

Дар давраи ҳисоботӣ сабти вафот – 18 777 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (2019 – 16 929) 1848 нафар зиёд аст.

Июль 13, 2020 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд