Завқӣ Завқизода ва Пратибҳа Меҳта натиҷаи татбиқшавии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 баррасӣ намуданд

Июль 19, 2020 09:32

ДУШАНБЕ, 19.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта 16 июл дар Душанбе баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот рафти амалишавии маҷмӯи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ё кам кардани паёмадҳои иқтисодӣ вобаста ба пандемияи коронавирус ва ҳамкориҳои минбаъда бо шарикони рушд, бахусус Барномаи рушди СММ, натиҷаи татбиқшавии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ҷараёни таҳияи лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», раванди такмили низоми моделсозӣ ва дурнамосозии макроиқтисодӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар охири вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро барои дастгирии масъалаҳои номбурда, инчунин густариш додани ҳамкориҳои судманд дар самтҳои баррасишуда баён намуданд.

 

АКС аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Июль 19, 2020 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд