Зулфия Давлатзода ва Вираҷ Сингх доир ба нашр ва тарҷумаи китобҳои адибони тоҷик ва ҳинд суҳбат намуданд
ДУШАНБЕ, 21.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх вохӯрӣ анҷом дод. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ҷонибҳо дар бораи нашр ва тарҷумаи китобҳои адибони тоҷик ва ҳинд, баргузории барномаҳои фарҳангӣ бо ҷалби санъаткорони ҳар ду давлат, табодули таҷриба байни муассисаҳои санъату ҳунар ва муассисаҳои таълимӣ суҳбат намуданд.
Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Сингх зимни суҳбат эҳтироми худро нисбат ба фарҳангу санъати тоҷик изҳор дошт.
Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода гуфт, ки халқи тоҷик ба санъату ҳунари мардуми ҳинд эҳтироми хосса дорад. Ӯ оид ба робитаҳои фарҳангии ду давлат ҳарф зада, ҷараёни муносибатҳои фарҳангиро мусбат арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки минбаъд низ барои густариши ҳарчи бештари ҳамкории ду давлат дар соҳаи фарҳанг ва санъат кӯшиш ба харҷ медиҳанд.








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






