Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони пули мошингузар дар шаҳри Хоруғ санги асос гузоштанд

Август 21, 2020 08:27

ДУШАНБЕ, 21.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи «Селхозтехника»-и шаҳри Хоруғ бо гузоштани санги асос ба сохтмони пули калони мошингузар дар болои дарёи Ғунд оғози расмӣ бахшиданд.

Пули нав бо паҳнои 15 метр ва дарозии 200 метр 100 тонна иқтидори борбардорӣ дорад.

Баъди пайваст шудани ду тарафи соҳил, роҳҳои ба пул пайвастшаванда низ дар масофаи 100 метр таҷдиду навсозӣ ва чароғон карда мешаванд.

Пули мошингузар дар болои дарёи Ғунд бо тарҳи байналмилалӣ сохта шуда, аз ҳафт сутунпояи зербино ва ду самти ҳаракати нақлиёт иборат мебошад. Аз ҳар ду ҷониби пул бунёди роҳи пиёдагард ҳамчун эстакада ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҷараёни сохтмони пули мошингузар мутахассисону сокинони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷойи кор таъмин шуда, соҳиби маоши хуб мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо лоиҳаи ин иншооти муҳими вилоят, ба масъулон ҷиҳати анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ дар муҳлати муайянгардида дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Лоиҳаи пули мошингузар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ татбиқ мегардад ва он аз ҷониби Ширкати лоиҳакашию пулсозии “Темелсу интернэшнл сервис пинк”-и давлати Туркия таҳия гардидааст.

Сохта ба истифода додани пули мошингузар дар маҳаллаи Селхозтехникаи шаҳри Хоруғ, ки орзуи деринаи сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд, танбашавии ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемурро пурра аз миён бардошта, ҳаракати нақлиёти мусофиркашу боркаш тавассути ин пули нав ба роҳ монда хоҳад шуд.

Мавриди зикр аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар заминаи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои мошингарди маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-шаҳри Хоруғ низ таъмиру тармим шуда, ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ гардонида шудаанд.

Бо дарназардошти он ки роҳи маркази маъмурии вилоят — шаҳри Хоруғ аҳамияти байналмилалӣ дорад, дар нақша аст, ки ояндаи наздик қисми боқимондаи ин шоҳроҳ низ марҳила ба марҳила таъмиру навсозӣ карда шавад.

Гузоштани санги асос ба сохтмони пули мошингузар дар шаҳри Хоруғ 21.08.2020

Август 21, 2020 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд