ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Кӯлоб 873 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд
КӮЛОБ, 27.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо ҷалби маблағ аз ҳамаи сарчашмаҳо ба истифода супоридани 873 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора то имрӯз 289 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар маҳаллаи Шамсиддини Шоҳини шаҳр Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фаридун» бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ корҳои сохтмониро дар бинои Беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ ва наркологӣ вусъат бахшида истодааст. Барои хушсифат ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ анҷом додани корҳо техника ва масолеҳи сохтмонӣ дастрас карда шудаанд.
Сармуҳандиси ҶДММ «Фаридун» Фаридун Шамсов мегӯяд, ки давоми солҳои охир дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони хонаҳои баландошёна шурӯъ гардидааст. Ин ширкати сохтмонӣ аллакай дар шаҳри Кӯлоб як бинои панҷошёнаи истиқоматиро ба истифода супорида, дар хиёбони Исмоили Сомонӣ сохтмони бинои истиқоматии 9-ошёнаро идома дода истодааст.
ҶДММ «Бунёд-2» дар маркази шаҳр корҳои оҳану бетониро дар шаш ошёнаи бинои истиқоматӣ ба анҷом расонидааст. Роҳбарияти ҷамъият мақсад доранд, ки дар ин мавзеъ боз ду бинои нуҳошёнаи дигар ба истифода диҳанд. Дар иншооти мазкур беш аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.
Бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯзҳо корҳои сохтмонӣ дар бинои нуҳошёнаи хобгоҳ барои 700 ҷой дар Коллеҷи давлатии тиббии шаҳри Кӯлоб аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Марво» идома доранд.
Ба иттилои шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, тибқи нақша то 9 сентябри имсол дар шаҳри Кӯлоб 26 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд.








Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
Бунафша Файзиддинзода: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба неруи фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфт»
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Кормандони соҳаи геология ва кӯҳкорӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Нусратулло Давлатзода: «Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нодиртарин падидаи сиёсӣ ва сарнавиштсоз мебошад»
Ҳамкории ноҳияи Ёвони Тоҷикистон бо ноҳияи Уздаи Беларус тақвият меёбад
Дар Хатлон хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон






