БА ТАЪРИХ, ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ ҲАР МИЛЛАТ АЗ РӮИ ТАРЗИ МЕЪМОРИИ БИНОҲОИ ОН НИЗ БАҲО МЕДИҲАНД. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон таҷлил карда мешавад

Август 9, 2020 09:21

ДУШАНБЕ, 09.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»  якшанбеи дуюми моҳи август дар  мамлакат  Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон  таҷлил  мегардад, ки имсол ба 9 август рост омад.   

Ҳамасола  дар Тоҷикистон  садҳо иншооти маъмурию хизматрасонии муосир бунёд гардида, биноҳои баландошёнаи замонавӣ  қомат меафрозанд ва  симои шаҳру ноҳияҳоро ба таври шинохтанашаванда дигаргун месозанд, ки   ин ҳама аз  пешрафти соҳаи сохтмон ва меъморӣ  дарак медиҳад.

Сохтмончиёни тоҷик имрӯз масъулияти бузургеро бар дӯш доранд, зеро дар Тоҷикистон то баргузории ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 23862 бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст. Тибқи иттилои  масъулини  Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аз теъдоди умумии иншооти ҷашнӣ  то 1 июли соли равон 11112 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта,  корҳои сохтмонӣ ва  лоиҳакашӣ дар 12750 иншооти боқимонда идома доранд. Раванди иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот зери назорати Кумитаи меъморӣ ва сохтмон қарор дошта, аз натиҷаи санҷишҳои гузарондашуда ҳар моҳ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ  маълумот пешниҳод мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навини худ таъкид намудаанд: «Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон — Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд».

Яке аз нуктаҳое, ки Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, истифода аз санъати ғании меъмории ниёгон ва ҳусни миллӣ бахшидан ба сохтмонҳои замонавист. Аз ин рӯ, лоиҳакашон зимни тарҳрезии нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба хусусияти миллии меъморӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода  иброз дошт, ки «рӯзи сохтмончиён ҷашни касбҳои сершумор, аз ҷумла муҳандисон, лоиҳакашон, коргарон, кафшергарон ва таҳқиқгарон мебошад. Нуфузу обрӯи сохтмончиёни мамлакат сол то сол баланд мегардад, зеро аксари офаридаҳои беҳтарину мондагор аз ҷониби соҳибони ҳамин касб ба вуҷуд омадаанд. Шаҳрҳои зебо ва иншооти бузурги меъморӣ- мактабу донишгоҳҳо, беморхонаву истироҳатгоҳҳо, қасрҳои бошукӯҳи фарҳанг ва варзишгоҳҳо, хонаҳои истиқоматии замонавӣ ва кохҳои дилрабо, меҳмонхонаву китобхонаҳо ва садҳо иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ бо дастони пурэъҷози бинокорон бунёд шудаанд».

Тавре Ҷамшед Аҳмадзода зикр намуд, аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи нақшаҳои генералии 63 шаҳру ноҳияҳо пурра ба анҷом расид. Онҳо бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд. Лоиҳаи нақшаи генералии маркази ноҳияи Фархор барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Таҳияи лоиҳаи Нақшаи генералии ноҳияи Данғара ба итмом расида, дар мувофиқа қарор дорад. Инчунин аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маркази 50 шаҳру ноҳияҳо бо нақшаҳои муфассали банақшагирӣ таъмин буда, таҳияи нақшаҳои муфассали банақшагирии маркази 3 шаҳру ноҳия пурра ба анҷом расидааст. Лоиҳаи нақшаи муфассали банақшагирии маркази 9 шаҳру ноҳияҳо  тасҳеҳ шуда истодаанд»,-афзуд.

Кумитаи меъморӣ ва сохтмон  бо мақсади бунёд кардани хонаҳои зебою замонавии истиқоматӣ 7 намуд лоиҳаҳои намунавии биноҳои истиқоматии 2 ва 3-ошёнаро барои деҳотҷойҳо таҳия кард, ки айни замон дар баррасии Раёсати экспертизаи давлатӣ қарор доранд. Лоиҳаҳои мазкур барои корбарӣ ба сармеъморон ройгон пешниҳод карда мешаванд.

Таҳияи лоиҳаи биноҳои нави Парлумон ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра тасдиқ гардида, сохтмони он рӯзҳои наздик оғоз мегардад.  Биноҳои мазкур муҳташам буда, масоҳати онҳо аз 42 то 44 ҳазор  метри мураббаъро  ташкил медиҳанд.

Таърих, тамаддун ва фарҳангу ҳунармандии ҳар миллатро метавон аз рӯи  тарзи меъмории биноҳои он баҳо дод. Зеро ҳар меъмор дар ҳар давру замон бо назардошти вазъи вақт ва гузаштаи таърихи  миллати худ лоиҳа кашида, бино бунёд мекунад, ки он аз як аср ба асри дигар ба мерос гузашта, аз таърихи давлатдории он давр шаҳодат медиҳад. Имрӯзҳо ҳунарҳои қадимии дастӣ сабаби ҷалби бештари сайёҳон ба  мамлакат гаштаанд. Бунёди «Қасри миллат», «Кохи Наврӯз», Осорхонаи миллӣ,  Парчами миллӣ, Нишони миллӣ, Китобхонаи миллӣ, ки дар Осиёи Марказӣ назир надоранд, инчунин сохтмони даҳҳо адад меҳмонхонаҳои баландошёнаи замонавӣ, марказҳои тиҷоратӣ ва тафреҳӣ, майдонҳои бузурги варзишӣ, биноҳои истиқоматӣ  ва чандин иншооти барои иқтисодиёти давлатамон муҳим аз дастовардҳои беназири бинокорони тоҷик дар даврони истиқлоли давлатӣ  маҳсуб мешаванд.

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  Боғи «Истиқлолият»  бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ»   ба истифода дода мешавад. Масоҳати умумии  боғи «Истиқлолият»  бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе 30 гектарро  ташкил дода, он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт (паси «Кохи Ваҳдат», меҳмонхонаи «Авесто» ва Донишгоҳи омӯзгорӣ)  воқеъ мебошад. Дар Маҷмааи «Истиқлолият ва Озодӣ» майдони баргузории чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ, ки масоҳаташ 2,7 гектарро ташкил медиҳад, бунёд мешавад. Майдони мазкур дар назди муҷассама ҷойгир шуда, барои роҳпаймоиҳою  намоишҳои театришуда мутобиқ гардонида шудааст.  Баландии умумии муҷассама  121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоии он 91 метрро  ташкил медиҳанд, ки он  рамзи 30 –солагии Истиқлолият ва  дар соли 91 –уми асри гузашта ба даст овардани  истиқлолиятро ифода менамояд.

Ҳамаи ин зебоиҳо  самараи  заҳмати  зеҳнию ҷисмонии сохтмончиёни тоҷик мебошанд.  Онҳо барои  боз ҳам ободу зебо  гардонидани мамлакат, таъмин намудани   шароити арзандаи зиндагии мардуми сарзамин ва муваффақ гардидан ба дастовардҳои беназири меъморию шаҳрсозӣ  бо нияти пок, дили гарм, бозуи қавӣ  ва умед ба фардои дурахшони сарзаминамон- Тоҷикистон  содиқона заҳмат кашида истодаанд.

Рӯзи касбӣ ба кормандон ва собиқадорони соҳаи сохтмон муборак!

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Август 9, 2020 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2025 дар Тоҷикистон дар беш аз 1 миллион гектар ҷангал бунёд карда шуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Абузабӣ оид ба рушд Созишномаи молиявӣ ба имзо расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба 2147 шахси воқеию хуқуқӣ ба маблағи зиёда аз 3 миллион сомонӣ маблағи суғуртавӣ пардохт гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Ҳисор ҳашт корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуд
Роҳҳои татбиқи механизми муосири гармидиҳӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардиданд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак», марҳилаи 1 моҳи декабри соли 2026 анҷом меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонӣ дар Дубай иштирок дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфтааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар неругоҳу марказҳои истеҳсоли барқу гармии ҶСК «Барқи Тоҷик» беш аз 18 миллиард кВт-соат неруи барқ истеҳсол гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷикстандарт» зиёда аз 1 миллион килограмм маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоиро ба қайд гирифт
Дар Душанбе оид ба молияи исломӣ ва бозорҳои сармоя машварати байналмилалӣ оғоз гардид
«КАМАРБАНДИ САБЗ». Дар шафати роҳҳои мошингарди Тоҷикистон беш аз 5 миллион бех ниҳол шинонида мешавад