Бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияи Кӯшониён бинои иловагии мактаб бунёд гардид
ДУШАНБЕ, 20.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти «Меҳнатобод»-и ноҳияи Кӯшониён бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ба маблағи 142 ҳазор сомонӣ бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ Рустам Маҳмадалиев, Маҳмуд Тешаев, Сорбон Абдураҳимов, Умед Илёсов, Дилшод Давлатов ва кумитаи падару модарон ба истифода дода шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ифтитоҳи бинои иловагии муассиса раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иштирок дошт. Муассисаи мазкур аз 4 синфхона иборат буда, барои 120 нафар хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо шароити зарурӣ пешниҳод гардид.
Бинои асосии муассисаи мазкур соли 1976 барои 960 нафар ба истифода дода шудааст. Дар муассисаи мазкур 1807 нафар хонандагон дар ду баст ба таълим фаро гирифта шуда, ба онҳо 80 нафар омӯзгорон дарс медиҳанд. Муассиса дорои 38 синфхона, толори варзишӣ, толори маҷлисгоҳ ва ду майдончаи варзишӣ мебошад.
Дар соли таҳсили нав дар ин муассисаи таълимӣ 207 нафар кӯдакон ба синфи якум қабул карда шудаанд.
Раиси вилоят ба падару модарон ва омӯзгорон ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, риояи гигиенаи шахсӣ, баланд бардоштани маърифати тиббии фарзандон тавсия дода, зикр намуд, ки саломатии миллат, хусусан кӯдакон боигарии давлат мебошад.








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






