Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Август 17, 2020 09:08

ДУШАНБЕ, 17.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти навбунёд аз се қисми 3-ошёна ва як бинои дуошёна иборат буда, масоҳати умумии он 11634 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Бинои иловагӣ барои 624 хонанда ва хобгоҳ барои 230 ҷой пешбинӣ шудааст.

Дар бинои иловагӣ синфхонаи таълимӣ, озмоишгоҳи фаннӣ, 2 синфхонаи компютерӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, утоқи омӯзгорон ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ мавҷуд буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани хонандагон шароити муосири илмомӯзӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон барои ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ фаро гирифтани хонандагон ва соҳибкасб гаштани онҳо утоқҳои кандакорӣ, дӯзандагӣ ва пухтупази хӯрокҳои миллӣ бунёд ёфтааст.

Бинои хобгоҳ дорои 56 ҳуҷраи хоб, синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраи мураббӣ, бунгоҳи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ мебошад.

Дар соли таҳсили 2019-2020 муассисаи таълимиро 91 нафар хонандаи синфи 11 ва 116 нафар хонандаи синфи 9, аз ҷумла ду нафар бо медали тилло хатм намуданд.

Дар маҷмӯъ дар соли таҳсили 2019-2020 хонандагони Литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар олимпидаҳои сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ,  ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 122 ҷойи ифтихорӣ гаштанд.

Мавриди зикр аст, ки Литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аввалин Литсейи Президентӣ дар мамлакат мебошад, ки соли 1998 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст.

Ҷавонон неруи созанда ва бунёдкори ҷомеа маҳсуб ёфта, ояндаи дурахшони Тоҷикистон аз насли донишманду  соҳибмаърифат вобастагӣ дорад. Ҳукумати мамлакат  нисбат ба масъалаҳои маориф ва ҷавонон, аз ҷумла беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, соҳибихтисос гаштану бо  ҷойи кор таъмин шудани онҳо, инчунин мавқеи хосса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ имкон медиҳад, ки ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ба воя расида, дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам обод гардидани Тоҷикистон ва ҳифзи Истиқлолияту арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошанд.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи мамлакат ба таври назаррас рушд карда, сатҳу сифати таълиму тарбия низ комилан беҳтар шуд ва  дастоварди хонандагони муассисаҳои таълимии мамлакат сол то сол афзун гардид.

Аснои шиносоӣ бо иншооти навбунёд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони Литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо вазифадор намуданд, ки то оғози соли таҳсили 2021 дар назди Литсей боғчаи кӯдакона барои 300 нафар таъсис диҳанд. Дар иншооти мазкур ҷиҳати замина гузоштан ба рушди малакаи зеҳнии кӯдакону наврасон ҷалби мутахассисони варзидаи соҳа зарур шуморида шуд.

Дар пайравӣ ба сиёсати бунёдкоронаи Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе солҳои охир ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва ҷавобгӯ ба бозори меҳнат тайёр кардани мутахассисон, тарбияи кадрҳои болаёқат, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва илмомӯзии насли наврас нақшаҳои мушаххасро амалӣ намуд.

Мавриди зикр аст, ки фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти  ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳакаш Ҷамъияти саҳомии кушодаи “ПИЛҶ САНИИОСП” ва пудратчии асосӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмил-2012” мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, масъулонро ба беҳтар намудани фаъолияти касбӣ ва хизмат ба нафъи Ватану миллат ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 17.08.2020

Август 17, 2020 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби Кумитаи Ҳизби коммунистии Чин дар шаҳри Чунчин Юан Ҷияҷюн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чонгчини Чин аз корхонаи саноатии «Зонгшен» боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба шаҳри Чонгчини Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин
Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Пекин
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин сарфароз гардонида шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ректори Донишгоҳи Пекин Гун Сихуан мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Маҷмааи муҷассамаи «Қаҳрамонҳои миллӣ»-и Чин дар Пекин гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Ҷао Леҷӣ мулоқот намуданд

Маводҳои таҳлилӣ