Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб барномаҳои илмию варзишӣ баргузор намуд

Август 2, 2020 09:19

ДУШАНБЕ, 02.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаригардида бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар шаҳр барномаҳои варзишӣ ва илмӣ баргузор карда шуданд. Дар ҷараёни баргузории ин барномаҳо аз ҷониби гурӯҳи ҷавонони фаъол аксияи тақсими яхмос, ширинӣ ва ниқобҳои тиббии бисёркарата гузаронида шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Зимни баргузории аксия 1500 адад ширинӣ, 1000 адад яхмос ва 2500 адад ниқоб дар маконҳои серодами шаҳри Кӯлоб тақсим карда шуд.

Инчунин дар ҳамоишҳои дигаре, ки аз ҷониби ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардиданд, бо дастгирии сардори ШВКД дар шаҳри Кӯлоб, полковники милитсия Файзулло Нозимзода аксияи мазкур идома ёфт.

Дар доираи ин аксия бо олимону шоирони шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ баргузор гардида, ба онҳо аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Ҳамзамон бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб кандани зиёда аз 20 адад чоҳҳои амудӣ дар назар аст.

Август 2, 2020 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд