ВМКБ: Дар ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон 18 пули мошингузар сохта мешавад

Август 31, 2020 11:08

ДУШАНБЕ, 31.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон татбиқи 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ  ба маблағи умумии 3 миллиарду 300 миллион сомонӣ идома дошта,   дар доираи амалишавии онҳо  дар ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон 18 пули  мошингузар сохта мешавад.  Татбиқи лоиҳаҳои мазкур  ба беҳтар намудани шароити муассисаҳои маорифу тандурустӣ, нақлиёт ва пешбурди корҳои соҳилмустаҳкамкунии вилоят мусоидат менамояд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки  21 августи  соли равон  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи «Селхозтехника»-и шаҳри Хоруғ бо гузоштани санги асос ба сохтмони пули калони мошингузар дар болои дарёи Ғунд оғози расмӣ бахшиданд. Пули нав бо паҳнои 15 метр ва дарозии 200 метр 100 тонна иқтидори борбардорӣ дорад. Баъди пайваст шудани ду тарафи соҳил роҳҳои ба пул пайвастшаванда низ дар масофаи 100 метр таҷдиду навсозӣ ва чароғон карда мешаванд. Пули мошингузар дар болои дарёи Ғунд бо тарҳи байналмилалӣ сохта шуда, аз ҳафт сутунпояи зербино ва ду самти ҳаракати нақлиёт иборат мебошад. Аз ҳар ду ҷониби пул бунёди роҳи пиёдагард ҳамчун эстакада ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҷараёни сохтмони пули мошингузар мутахассисону сокинони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷойи кор таъмин шуда, соҳиби маоши хуб мешаванд. Лоиҳаи пули мошингузар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ татбиқ мегардад ва он аз ҷониби Ширкати лоиҳакашию пулсозии “Темелсу интернэшнл сервис пинк”-и давлати Туркия таҳия гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар заминаи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои мошингарди маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-шаҳри Хоруғ низ таъмиру тармим шуда, ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ гардонида шудаанд.

Бо дарназардошти он ки роҳи маркази маъмурии вилоят — шаҳри Хоруғ аҳамияти байналмилалӣ дорад, дар нақша аст, ки ояндаи наздик қисми боқимондаи ин шоҳроҳ низ марҳила ба марҳила таъмиру навсозӣ карда шавад.

Хотиррасон менамоем, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ВМКБ  31 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз се миллиард сомонӣ амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар доираи лоиҳаҳои барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ дар шаҳри Хоруғ 3 миллиону 751 ҳазор доллари ИМА, идоракунии партовҳои сахти маишии маркази вилоят — 1 миллион ва тақвияти таҳсилоти касбӣ – техникӣ 176, 2 ҳазор доллари ИМА аз худ карда шуданд.

Ҳоло дар вилоят корҳои сохтмону навсозӣ  дар 506 иншооти таъйиноти гуногун  ба маблағи беш аз якуним миллиард сомонӣ идома дошта, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят 2030 иншоот ба маблағи умумии 3,1 миллиард сомонӣ бунёд ва навсозӣ гардидаанд.

Август 31, 2020 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд
Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд
Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд