Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ дар Москва иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 08.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 8 сентябри соли 2020 дар Москва ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) доир гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат варзид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба омодагӣ ба баргузории ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳо ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ-ро баррасӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба пешнависи Эъломияи ҷамъбастии Шӯрои сарони давлатҳо, Нақшаи амал барои солҳои 2021-2025 дар мавриди амалигардонии Роҳбурди рушди СҲШ то соли 2025 ва баёнияҳои муштараке, ки қарор аст аз ҷониби сарони давлатҳо қабул гарданд, зоҳир шуд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






