Ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Фаластин густариш меёбад

Сентябрь 16, 2020 13:30

ДУШАНБЕ, 16.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исса бо хоҳиши ӯ мулоқот намуд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон  Муҳаммадато Султонов  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» София Шоик иттилоъ дод.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкорӣ ва муносибатҳо  миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Фаластин дар ҳоли рушд қарор доранд ва Тоҷикистон ба густариши ин ҳамкорӣ  таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Раиси Маҷлиси намояндагон аз таъсиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парламенти Давлати Фаластин ёдовар шуда, хостори бештари ҳамкорӣ шуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори давлати Фаластин Луай Исса аз раванди ободонию шукуфоиҳои Тоҷикистон ёдовар шуда, махсус таъкид намуд, ки воқеан ҳам онҳо бояд аз таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон сабақ гиранд.

Ҷонибҳо ҳамчунин аз омода гаштани лоиҳаи 20 санади ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Фаластин изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ин маҷмӯи  санадҳо созишномаҳое мебошанд, ки 7 -тои он дар арафаи тасвиб буда, 6 санади дигар мавриди баррасии ҷонибҳо қарор доранд.

«Боварӣ дорам, ки ташрифи Шумо дар густариши муносибатҳои оянда, таъмини шарикии судманд миёни давлатҳоямон, хулоса дар ҳамаи самтҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Фаластин  саҳми арзанда мегузорад. Мо омода ҳастем, ки дар таҳкими муносиботи байнипарлумонии мамлакатҳоямон ба хотири густариш ва равнақу шукуфоии ду миллати дӯсту бародар мусоидат намоем»,- гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.

Сентябрь 16, 2020 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид