Бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолӣ аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти иҷро ба кормандон рутбаҳои дараҷавӣ дода шуд
ДУШАНБЕ, 08.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, дар остонаи 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии мамлакат аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби додани рутбаҳои дараҷавии кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни маҷлиси тантанавӣ дар шаҳри Душанбе маросими тақдими рутбаҳо доир гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷамъомад роҳбарияти Хадамот, кормандони дастгоҳи марказии Хадамот, иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбии гарнизони Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат намуданд.
Қабл аз оғози ҷамъомад аз ҷониби Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода зикр гардид, ки «воқеан пойдории давлат ва бақои он ба адолати судӣ вобастагӣ дошта, дар таъмини адолати судӣ иҷрои санадҳои судӣ нақши муҳим дорад. Зеро тавассути иҷрои ин санадҳо боварии мардум ба ҳокимияти судӣ ва мақомоти иҷро зиёд гардида, ба ташаккули давлати ҳуқуқбунёд дар мамлакат такони бузург мебахшад».
Зикр гардид, ки Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро таъмин менамояд. Бо мақсади ба роҳ мондани иҷрои саривақтии санадҳои судӣ ва санадҳои мақомоти давлатӣ бо ташаббуси сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2018 Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.






















35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави барқии 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
«ТАБЛИҒГАРОНИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти ин унвон дар шаҳри Ваҳдат ҳамоиш баргузор гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Бахшида ба он дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия чорабинии фарҳангӣ доир шуд
Доир ба нақши Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ҳифзи арзишҳои он ҳамоиш баргузор гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН — ЗАМИНА БАРОИ ИМКОНОТИ НАВ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Варзоб баргузор шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Муъминобод шукуҳманд баргузор гардид
Дар ноҳияи Кӯшониён 21 Маркази рушди инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Имрӯз дар боғҳои пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Варзоб ва Муъминобод баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Душанбе баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Тоҷикободу Нуробод бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба рушд ва таҳкими мониторинги обуҳавошиносӣ ва ҳифзи пиряхҳо конфронси байналмилалӣ доир мешавад






