Дар Кӯлоб маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 10.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб имсол дар майдони 3074 гектар кишти пунбадона гузаронида шуда, то имрӯз 99,7 тонна ҳосили «тиллои сафед» ҷамъоварӣ гардидааст. Дар ин бора мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.
Тибқи иттилои Раёсати кишоварзӣ, дар шаҳри Кӯлоб 2191 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият мекунанд, ки аз инҳо 1029 ададаш хоҷагии деҳқонии пахтакор мебошанд.
Масъулин иброз доштанд, ки пахтакорӣ дар соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, барои тараққӣ додани иқтисодиёти шаҳру деҳот аҳамияти хосса дорад.
Ёдовар мешавем, ки дурнамои чиниши пахта барои шаҳру деҳоти Кӯлоб дар мавсими имсола 6980 тонна муқаррар шудааст.








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






