Дар Муъминобод меҳмонхонаи панҷситорадор ва осоишгоҳи «Чилдухтарон» бунёд мегарданд

Сентябрь 7, 2020 11:20

ДУШАНБЕ, 07.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки ояндаи наздик дар ноҳияи Муъминобод маҷмааи сайёҳӣ бо назардошти имкониятҳои сайёҳии аграриву экологии минтақа-  меҳмонхонаи 5- ситорадор барои қабули 100 нафар дар як вақт ва осоишгоҳи «Чилдухтарон» мавриди истифода қарор дода шаванд.

Бо  мақсади таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳӣ дар минтақаҳо ва муайян намудани имкониятҳои сайёҳӣ мутахассисони соҳа таҳти роҳбарии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ширин Амонзода ба ноҳияи Муъминобод сафар намуда, ҳамроҳ бо масъулини соҳа бо захира ва имкониятҳои қабулу хизматрасонии сайёҳии ноҳия аз наздик шинос гардиданд.

Инфрасохтори сайёҳии ноҳия 8 мавзеи таърихӣ, 4 меҳмонхона, 14 гестҳаусу ҳомстейҳо, 1 ширкати сайёҳӣ, 10 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 1 чойхона, 2 тарабхона, 48 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 3 нуқтаи хизматрасонии бонкӣ ва банкоматҳо, 3 нуқтаи фурӯши армуғонҳои сайёҳӣ, 1 маркази иттилоотӣ 4 осорхона, 6 мавзеи сайёҳӣ, фарҳангию фароғатӣ, 4 нуқтаҳои хизматрасонии сарироҳиро дар бар мегирад, ки дар хизмати меҳмонони дохиливу хориҷӣ қароро доранд.

Зимни сафар масъулин аз иншооти бунёдшавандаи хизматрасонии сайёҳӣ, ки бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, дидан намуданд.

Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Муъминобод иншооти таъйиноташон гуногун, аз ҷумла иншоот дар самти хизматрасониҳои сайёҳӣ бунёд гардида истодаанд.
Рушди инфрасохтори ноҳия ва ба талаботи сайёҳон мутобиқ намудани имкониятҳои хизматрасонӣ барои ҷалби бештари гардишгарон ба ин минтақаи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ноҳияи Муъминобод дорои захираҳои бойи сайёҳӣ буда, барои рушди туризми кӯҳӣ, варзишӣ, этнографӣ ва экологӣ мувофиқ мебошад. Минтақаҳои «Чилдухтарон» ва «Чашмаи ҷӯшон» барои сайёҳони дохилию хориҷӣ ҷолиби диққатанд.

Муъминобод минтақаи пурғановат ва овозадори Хатлонзамин буда, аз шимол бо навоҳии Ховалингу Сангвор, аз шарқ ба ноҳияи Шамсидини Шоҳин, аз ҷануб бо шаҳри Кӯлоб ҳамсарҳад мебошад.

Дар ноҳияи Муъминобод ҷалби сайёҳон аз гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва меҳмонони хориҷӣ афзоиш ёфта, дар ин ҷо сайёҳии кӯҳнавардӣ, шикорӣ, экологӣ, табобатӣ ба роҳ монда шудааст.

Муъминободро диёри чашмасор ё ҳазорчашма низ мегӯянд. Захираҳои табиии ноҳия хеле бой буда, 138 навъи растаниҳои шифобахш, 45 навъи растании асаловар ва 98 навъи растании ғизоӣ сабт шудаанд. Олами ҳайвоноти ноҳия гуногун буда, аз водиҳо то минтақаи кӯҳҳои баланд паҳн гардида, барои рушди сайёҳии шикор имконият фароҳам овардааст.

Ин дар ҳолест, ки Кумита бо мақсади воридшавии ноҳияи Муъминобод ба низоми бозори хизматрасониҳои сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд.

Роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамзамон бо ҷараёни иншооти бунёдшавандаи хизматрасонии истироҳатию фароғатӣ ва сайёҳӣ дар шаҳрҳои Ҳисор ва Ваҳдат шинос гардид.

Сентябрь 7, 2020 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид