Кӯлоб: «Барқи Тоҷик» 150 нафар хонандагони Мактаб-интернати ёрирасонро бо либоси мактабию лавозимоти хониш таъмин намуд

Сентябрь 2, 2020 11:14

 КӮЛОБ, 02.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини ширкати «Барқи Тоҷик» 150 нафар хонандагони Мактаб–интернати ёрирасони №1-и шаҳри Кӯлобро бо либоси мактабӣ, пойафзол ва лавозимоти хониш  таъмин карда, бинои мактаб –интернатро аз таъмир бароварданд. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» директори  Мактаб-интернати мазкур  Сурайё  Бадарғаева иттилоъ дод.

Дар Мактаб-интернати ёрирасон 150 нафар  хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда,  25 нафар омӯзгор ва 27 нафар мураббӣ ба  шогирдон дарс меомӯзанд. Дар ин мактаб хонандагон  касбҳои пойафзолдӯзӣ, дуредгарӣ ва  заргарӣ омӯхта,  баъди хатм соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ мегарданд. Айни ҳол хонандагон шароити заруриро доро буда, бо се вақт хӯрок ва ҷои хоб таъмин мебошанд.

Тавре Сурайё Бадарғаева иброз дошт, «мо ҳамеша  ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем, чунки таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба соҳаи маориф  бештар буда, нисбат ба ин соҳа ғамхориҳои  зиёд зоҳир менамоянд. Мо низ ҷавобан ба ин ғамхориҳо кӯшиш менамоем, ки хонандагонро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуда, саҳми худро дар рушди соҳаи маориф гузорем. Мактаби мо ба фасли зимистон омода мебошад ва дар ин самт мо ягон  мушкилӣ надорем, чунки аллакай дар ҳама синфхонаҳо печҳои барқӣ  насб карда шуда, дар ҳолати номусоидии боду ҳаво  аз онҳо истифода бурда мешавад».

Хонандагони Мактаб-интернати ёрирасон барои пешгирӣ аз бемории каронавирус бо  ниқоб ва маводи антисептикӣ таъминанд.

Сентябрь 2, 2020 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид