Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии ИДМ иштирок намуд

Сентябрь 15, 2020 15:00

ДУШАНБЕ, 15.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, иштирок намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои марбут ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, молия, иқтисод ва иҷтимоиро дар бар гирифт.

Зимни ҷаласа роҳбарони ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва рафъи оқибатҳои манфии пандемияи сирояти коронавируси COVID-19 мубодилаи афкори муфассал намуданд. Бо ин мақсад ба Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ дар давраи то соли 2030 бахши махсус, ки ба коҳиш додани оқибатҳои манфии ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти санитарию эпидемиологӣ барои иқтисодиёти давлатҳои иштирокчии ИДМ равона гардидааст, ворид карда шуд.

Ҳамчунин дар ҷаласа маълумот дар бораи иҷрои Барномаи ҳадафии байнидавлатии «Рекултиватсия (эҳё)-и қаламрави давлатҳои зери таъсири истеҳсол ва коркарди уран қарордошта», ки баргузории корҳои рекултиватсионӣ дар иншооти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ дар бар мегирад, шунида шуд.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии ИДМ 4 декабри соли 2020 дар шаҳри Москва баргузор мешавад.

Сентябрь 15, 2020 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст