ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ДАСТОВАРДҲОИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Мулоҳизаҳои Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин
ДУШАНБЕ, 08.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва мардуми соҳибфарҳанги он имрӯзҳо дар остонаи ҷашни миллӣ — Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Имсол миллати сарбаланди тоҷик 29-умин солгарди ин руйдоди пурифтихор ва шоистаро таҷлил менамояд.
Ин ҷашн дар шароите таҷлил мегардад, ки мафҳумҳои ормонҳои миллӣ, истиқлол, озодӣ, демократия барои ҳар як сиёсатмадору зиёӣ, олиму муҳаққиқ ва тамоми мардуми Ватани азизамон равшан аст ва масири расидан ба ин ҳадафу ормонҳо мушаххастар шуда, ҳаракат барои пешрафти бештари мамлакат дар тамоми заминаҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ суръати нав пайдо менамояд ва дар ин замина мақоми сиёсати хориҷӣ нақши калидӣ хоҳад дошт.
Зикри ин нукта бағоят муҳим аст, ки баҳри ба истиқлоли комил расидану чун давлати мустақил эътироф гардидани Тоҷикистон заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназиранд.
9 сентябри соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик рӯйдоди бузургу хуҷастае ба вуқӯъ пайваст – Ҷумҳурии Тоҷикистон аз расидан ба истиқлоли худ ба ҷаҳониён пайғом дод ва ҳамчун давлати мустақил вориди саҳнаи сиёсии ҷаҳон гардид. Маҳз аз ҳамин давра сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун муҳимтарин давраи ҳаёти сиёсӣ ба шакл гирифтан оғоз кард.
Хотиррасон кардани ин ҳақиқат, ки расидан ба истиқлоли миллӣ дар охирин даҳаи садаи бист барои миллати тоҷик на оғози давлатдорӣ, балки бозгашт ба саҳнаи сиёсати ҷаҳонист, хеле муҳим мебошад.
Дар раванди ташаккул ва рушди Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёру мустақил сиёсати хориҷии он нақши бузург дорад. Шароити мушаххаси таърихии таъсису инкишофи давлати соҳибистиқлоли мо, хислат ва муҳтавои таҳаввулоти байналмилалӣ дар марзи ду садсола табиатан аҳаммияти хоссаи омили беруниро дар ҳаёти ҷумҳурии мо ва робитаи наздики рушди дохилиро бо воқеияти байналмилалӣ муайян намуд.
Дар оғози асри XXI олам дигаргуниҳои амиқеро, ки дар натиҷаи шаклгирии низоми ҷаҳонии бисёрқутбӣ ба вуҷуд омадааст, аз сар мегузаронад. Ҷараёнҳое, ки дар марҳилаи кунунӣ дар ҷаҳон зуҳур намудаанд, арсаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро фаро гирифтаанд.
Назаррастарин ҷараёни олами муосир ҷаҳонишавӣ мебошад, ки ба табиат ва мазмуни муносибатҳои байналмилалӣ ва интихоби самтҳои сиёсати хориҷии давлатҳо таъсири бевосита дорад.
Дар робита ба соҳибистиқлолии Тоҷикистон бояд махсусан зикр намуд, ки мо дар оғози истиқлол ниҳод ё сохтори мукаммали татбиқкунандаи сиёсати хориҷӣ надоштем. Имрӯз бо камоли итминон метавон гуфт, ки ҳам сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва ҳам Вазорати корҳои хориҷӣ зодаи ҳақиқии истиқлол ва самараи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва хастанопазири Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд!
Маҳз ба шарофати Истиқлолият Тоҷикистон тавонист, ки дар арсаи байналмилалӣ обрӯю нуфузи баланд пайдо намуда, аз Созмони Милали Муттаҳид сар карда, узви муҳимтарин созмонҳои байналмилалии дунё гардад. Тоҷикистон имрӯз бо 176 кишвари ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намудааст, ки ин ҳама барои мо ифтихори баланд аст.
Имрӯз Тоҷикистон ва кулли давлатҳои дунё дар шароите қарор доранд, ки ҷаҳонишавӣ ба раванди ҳокими таҳаввулоти сайёра мубаддал гардидааст. Он ҳам барои рушди иқтисодиву технологӣ миёни давлатҳо имкониятҳои бузург фароҳам меорад ва ҳам метавонад боиси тезутундшавии масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ахлоқӣ, инчунин торафт бештар гардидани нобаробарии иҷтимоии мардум ва шиддат гирифтани буҳрони маънавии ҷомеаи ҷаҳон гардад.
Дар чунин шароит сиёсати хориҷии Тоҷикистон бояд муҳтавои амалгаро ва воқеъбинона дошта бошад ва ба татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои милливу давлатии мамлакат мусоидат намояд.
Имрӯз ҳамагирии Ковид-19 башариятро бо таҳдид ва хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардааст. Аз ин рӯ, тамоми давлатҳоро мебояд сарҷамъона ва бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда дар мубориза бо пайомадҳои ҳамагирӣ талош намоянд. Дар чунин лаҳзаҳои ҳассос Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош меварзанд, ки дар мубориза бо ин бемории ҳамагир тадбирҳои амалӣ андешида шаванд ва ҳамватанони мо дар дохилу берун аз ҳудуди кишвар аз ин сироят эмин бошанд. Маҳз тавассути сиёсати дурбинона ва ташаббусҳои миллатдӯстонаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, новобаста ба вазъияти душвор як қисми ҳамватанони мо аз Россия, Қазоқистон, Туркия, Аврупо, Аморати Муттаҳидаи Араб ва дигар давлатҳо ба Ватан баргардонида шуданд.
Бояд зикр намуд, нақши Эмомалӣ Раҳмон дар равшан сохтани ҳадафҳои асосӣ ва усулҳои сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи тоҷик бисёр муассир ва корсоз аст. Хусусияти тақвият ёфтани сиёсати хориҷии Тоҷикистони навин ин аст, ки заминаи назариявии ин бахши муҳими ҳаёти давлатӣ на дар доираи коршиносон ва назарияпардозон, балки ҳангоми анҷоми фаъолиятҳои пурталошу пӯёи дипломатии Сарвари давлати Тоҷикистон эҷод шудааст.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санадҳои муайянсозанда ва танзимкунандаи усулҳои асосӣ, ҳадафу вазифаҳо ва самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии мамлакат таҳия гардидаву ба тасвиб расиданд, ки бар асари он ғояҳои бунёдии консепсияи сиёсати хориҷӣ аҳаммияту арзиши хосаи худро то ҳол ҳифз намуданд.
Роҳи пурифтихори тайкардаи давлати мо ва дипломатияи тоҷик тайи 29 соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ҳамвору осон набуд.
Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали омадани худ ба сари қудрат равобити зич бо созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамёрӣ бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро на танҳо омили муассири пешрафтҳои иқтисодии Тоҷикистон, балки ҳамчун заминаи муҳимми таъмини амният ва суботи давлат муайян намуд.
Даҳои сиёсии Эмомалӣ Раҳмон дар воқеияте зоҳир гардидааст, ки аз ибтидо суботи сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон ва суботи кишварҳои ҳамсоя, минтақа ва ҷаҳонро дарк намуданд. Бар асоси ин фалсафа, ки моҳиятан диалектикаи тавсеаи давлат мебошад, Сарвари давлати тоҷикон аз нахустин рӯзҳои ба сарварии Тоҷикистон расидан равобити ҳамаҷониба, зич ва дӯстона бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро аз муҳимтарин ва авлавиятноктарин самти сиёсати хориҷии Тоҷикистон муайян намуд. Зеро бо диди амиқи сиёсӣ дарк менамуд, ки иҷрои вазифаҳои душвору печидаи бунёд ва таҳкими Тоҷикистони соҳибистиқлол ва эҷоди қудрати иқтисодии он бидуни ҳамкории сиёсию иқтисодии густурда бо ин давлатҳо имконнопазир аст.
Бо талошу кӯшиши пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумлаи СММ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Ҳамкории Шанхай, Машварати Ҳамкорӣ ва Эътимод дар Осиё ва ғайра ширкати фаъолона дорад.
Президенти Тоҷикистон самтҳои пешрафти Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ мушаххас намуда, бо дар назар гирифтани мавқеияти ҷуғрофию геосиёсӣ, манфиатҳои миллӣ ва инчунин омилҳое, аз қабили равобити фарҳангиву таърихӣ, арзишҳои умумибашарӣ ва яксон будани манфиатҳо равобити дӯстонаи Тоҷикистонро бо ҳамаи кишварҳо танзим намуд.
Асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷӣ бо муҳтавои амалгарона ва воқеъбинона, ки самтҳои асосӣ, роҳу василаҳои татбиқи манфиатҳои дарозмуддати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад, маҳз тавассути истеъдоди баланди сиёсатмадорӣ, назари борикбин ва жарфнигарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуҷуд оварда шуданд. Қонун «Дар бораи хизмати дипломатӣ», Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои марбут, ки бар асоси Конститутсияи Тоҷикистон таҳия шудаву ба тасвиб расидаанд, баёнгари ҳадафҳо, вазифаҳо ва хостаҳои давлат ва мардуми мамлакат дар роҳандозии сиёсати хориҷӣ барои соҳиб шудан ба манфиатҳои миллӣ мебошанд. Барои фаъолияти муассир ва пайгирии пайвастаи манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ марҳала ба марҳала шабакаи густурдаи намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷ аз давлат ба вуҷуд оварда шуданд.
Яке аз хусусиятҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз»-и эълоннамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии «дарҳои боз»-ро пайгирона дар амал татбиқ намуда, эҷоди воситаҳои самарабахши ба ҳам овардани манфиатҳои миллӣ ва кӯшишҳои байналмилалӣ, муттаҳид намудани саъю талошҳои ҳамаи давлатҳоро дар ин раванд имконпазир мешуморад.
Сиёсати хориҷии шаффоф ва усули «дарҳои боз» ба он мусоидат намуд, ки Тоҷикистон узви шоистаи созмонҳои байналмилалӣ гардад ва равобити сиёсӣ ва ҳамкории судмандро бо аксари давлатҳои ҷаҳон ба роҳ андозад. Тоҷикистон имрӯз дар арсаи сиёсати ҷаҳон симои хоси худро дошта, ҳамчун узви соҳибэътибори ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.
Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирию пуштибонӣ ёфтани ибтикороти Тоҷикистон дар шахси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус дар ҳалли масъалаҳои обу энергетика, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводди мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти Афғонистон баёнгари мавқеи хоссаи Тоҷикистон дар низоми равобити байналмилалӣ ва обрӯйи баланди Президенти Тоҷикистон дар назди маҳфилҳои сиёсии ҷаҳон мебошад.
Соли 2019 дар самти сиёсати хориҷии Тоҷикистон, бо шарофати Сарвари давлат чун солҳои қаблӣ бобарор буд. Дар ин сол низ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва дарёфти роҳҳои нави рушду густариши робитаҳои гуногунҷанба бо кулли кишварҳои олам, инчунин иштирок дар ҳамоишҳои сатҳи баланд ба чандин мамлакатҳои хориҷи дуру наздик сафарҳои расмӣ ва корӣ анҷом доданд.
Сарвари давлат, аз ҷумла 4 сафари расмӣ ба Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус, Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Франсия, 9 сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қирғизистон доштанд. Аз рӯи натиҷаи мулоқоту вохӯриҳо дар доираи сафарҳои давлатӣ ва расмии Сарвари давлат дар кишварҳои хориҷӣ ва ташрифи сарони давлатҳо ба Тоҷикистон даҳҳо санадҳои муҳимми ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистонро бо кишварҳои хориҷӣ дар соҳаҳои гуногун танзим менамоянд.
Бахусус, аз 7 то 12 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ, инчунин Ҳамоиши ҷаласаи 40-уми Конфронси умумии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Париж қарор доштанд. Дар ҳошияи Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ ва Ҳамоиши канории ҷаласаи 40-уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО оид ба масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Париж Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш, Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле ва Шоҳзода Карим Оғохони lV мулоқоти корӣ доштанд.
Бояд гуфт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми сафарҳои хориҷии хеш ва хосса, аз минбари СММ борҳо оид ба масъалаҳои об ва ҳифзи муҳити зист, пешгирии обшавии пиряхҳо, пешгирии бемориҳое, ки бинобар камбуди об ва олуда шудани он ба миён меоянд, сухан гуфтаанд.
Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузурге мебошанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шуда ва мешаванд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки инак он дар ҷараёни татбиқ қарор дорад.
Ташаббусҳо дар соҳаи об, пеш аз ҳама, ба таҳкими ҳамкорӣ ва танзими муносибатҳо дар ин соҳаи ҳаётан муҳим нигаронида шуда, мавзӯи обро аз чаҳорчӯбаи фаҳмиши классикӣ ва кӯҳнашудаи он раҳо карда, назари навро дар истифодаи захираҳои обии минтақа талқин менамоянд, ҳадафи истифодаи таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва ҷаҳонро дар ҳалли масъалаҳои баҳсноку низоъангез, аз ҷумла, идоракунии захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ пайгирӣ мекунанд.
Ҳамзамон рӯйдоди муҳими хотирмони соли гузашта – ин Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё буд, ки 15 июни соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Барои иштирок дар кори ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои иштирокчӣ — Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Ветнам, Миср, Ҳиндустон, Урдун, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоҷа, Чин, Корея, Қирғизистон, Муғулистон, Аморати Муттаҳидаи Арабӣ, Покистон, Фаластин, Русия, Таиланд, Туркия, Ӯзбекистон, Шри-Ланка, роҳбарону намояндагони давлатҳои нозир —Индонезия, Филиппин, Беларус, Украина, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Япония, роҳбарони созмонҳои байналамилалии нозир ва шарик — Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Анҷумани парламентии кишварҳои туркзабон, Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва меҳмони ҳамоиш — Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар “Кохи Наврӯз” ба ҳам омаданд. Дар ҳошияи баргузории он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони давлатҳо мулоқоту суҳбатҳои судманд анҷом дода, ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкориро баррасӣ карданд. Соли 2019 чун солҳои пешин бо чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ барои шаҳрвандони мамлакат соли бобарор, таърихӣ, хотирмон ва пур аз рӯйдодҳои фараҳбахш буд.
Ба фаъолият оғоз кардани агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, оғози татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии Норак, оғози корҳои таҷдиду барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум, оғози навсозии роҳи Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин, оғози лоиҳаи “Таҷдиди роҳи мошингарди Восеъ-Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт”, таҷлили ҷашни 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз рӯйдодҳои муҳимми соли 2019 маҳсуб меёбанд.
Сиёсати хирадмандона ва фарогири Сарвари давлат имкон фароҳам овард, ки мардуми тоҷик, бо шурӯи рисолати олии тамаддунсозии хеш, бо такя ба арзишҳои волои миллӣ ва арзишҳои фарҳанги муосири сиёсӣ фасли тозаеро дар таърихи давлатдории дерини худ бинависад.
Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи таҳкими рукнҳои давлати воқеан соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон иқдомҳои муассир ба вуқӯъ пайваста, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ муайян шудаанд. Дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ барномаҳои густурдаи рушду тавсеа амалӣ мегарданд.
Мо итминони комил дорем, ки Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои наздик бо бархӯрдорӣ аз рӯҳияи баланди созандаи мардум, дар заминаи давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ҳамкории густурда бо мамлакатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ба пешрафтҳои аз ин ҳам бештар даст меёбад ва дар сафи кишварҳои мутараққии ҷаҳон мақоми шоиста касб менамояд.
Сироҷиддин МУҲРИДДИН,
Вазири корҳои хориҷии ҶТ