Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Шуъбаи минтақавии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар водии Зарафшони вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 12.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Панҷакент Шуъбаи минтақавии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшони вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти нав дар кӯчаи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент қомат афрохта, корҳои сохтмонӣ дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд анҷом дода шуд.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бино аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дар он барои кормандон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар даромадгоҳи Шуъбаи минтақавӣ қуттии арзу шикоятҳои шаҳрвандон мавҷуд мебошад, ки робитаи ҷомеаро бо мақомоти мубориза бо коррупсия бештар намуда, саҳми онҳоро дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа зиёд мегардонад.
Таҳхонаи бино аз толори варзишӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои кориву иншооти ёрирасон иборат мебошад. Толори варзишӣ бо лавозимоти гуногуни соҳавӣ муҷаҳҳаз буда, дар он кормандон метавонанд ба обу тоби бадан машғул шаванд. Дар ошёнаи 1-уми бинои Шуъбаи минтақавӣ ҳуҷраи навбатдори оперативӣ, утоқҳои корӣ ва китобхона ҷойгир аст.
Китобхонаи шуъба бо садҳо нусха адабиёти соҳавию бадеӣ ғанӣ гардонида шудааст. Адабиёти он аз рӯйи мавзӯъҳо, аз ҷумла асарҳои Пешвои миллат, китобҳо оид ба дастовардҳои истиқлол, китобҳои бадеӣ, адабиёт оид ба сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, коррупсия ва масъалаҳои вобаста ба он ҷудо карда шудааст.
Кормандони Шуъбаи минтақавии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Водии Зарафшон имкон доранд, ки дар вақтҳои холигӣ аз адабиёти бадеиву соҳавии китобхона истифода намуда, донишу малакаи касбии хешро такмил диҳанд.
Қабати дуюми иншоот барои ҳуҷраҳои корӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ҳамаи ошёнаҳо ва гирду атрофи бино камераҳои назоратӣ насб карда шудаанд.
Дар ошёнаи сеюми бинои тозабунёд 3 хонаи дуҳуҷрагӣ барои кормандон бунёд гардидааст. Ҳамаи хонаҳо бо ҷиҳоз ва ашёи рӯзгор таъмин шудаанд. Ин дастгириву ғамхориҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири беҳтар шудани шароити зисту зиндагонии кормандони соҳа равона гардида, масъулияти онҳоро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва афзоиши самаранокии мубориза бар зидди коррупсия дучанд мегардонад.
Кормандон ба масъалаи ободу зебо гардонидани гирду атроф ва саҳни бинои шуъба низ таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Дар гирду атрофи бино гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шудааст.
Баъд аз шиносоӣ бо шароит ва имкониятҳои корӣ дар иншооти нав, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани онро дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни фархундаи 29-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда ба кормандони мақомоти мубориза бо коррупсия номида, онҳоро ба фаъолияти хубу пурсамар ҳидоят карданд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд






